Ифтитоҳи коргоҳи нави дӯзандагӣ дар Суғд бо иштироки раиси вилоят


Чанде қабл бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави дӯзандагиву бофандагӣ мавриди истифода қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ин корхона аз ҷониби соҳибкор Абдукарим Султонов дар заминаи ҶДММ «Сарей» таъсис дода шуда, он дар марҳилаи нахуст 50 нафарро бо ҷои кор таъмин хоҳад кард.

Корхонаи навтаъсис, ки бо харҷи 1 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст, дорои бахшҳои дузандагиву бофандагӣ буда, дар он истеҳсоли 8 намуди либосҳои варзишӣ пешбинӣ мешавад. Ба иттилои роҳбарияти корхона иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба 10 ҳазор дона либоси варзишӣ баробар буда, он ба  ба кишварҳои Русияву Украина содирот хоҳад шуд.

Бино ба маълумоти ҳукумати шаҳри Хуҷанд, дар зарфи 11 моҳи соли равон дар шаҳр боз 15 адад корхонаҳои нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифтанд, ки 2000 нафар бо ҷойҳои корӣ дар онҳо таъмин гардиданд. Айни замон шумори умумии корхонаҳои саноатии шаҳри Хуҷанд 87 адад мебошад.

spot_imgspot_img

Популярное