Медведев тасдиқи созишномаи маҳсулоти нафтӣ бо Тоҷикистонро маъқул донист


Дар ҷаласаи ахири ҳукумати Федератсияи Русия (26-уми декабр) нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев лоиҳаи қонуни федералӣ «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба ҶТ»-ро маъқул донист.

Дар сомонаи расмии ҳукумати Русия дар ин робита зикр мегардад, ки бо қарори ҳукумат лоиҳа бо тартиби муқарраршуда ҷиҳати тасдиқ ба Думаи давлатӣ ирсол шуд.

Зикр мегардад, ки ин Созишнома қисмате аз бастаи аснодест, ки ба он ҳамчунин Созишнома дар бораи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ва Созишнома дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ низ шомиланд ва ин ҳуҷҷатҳо дар маҷмӯъ барои таҳкими робитаҳои ҳамгиройӣ миёни Русияву Тоҷикистон ба имзо расидаанд.

Гуфта мешавад, дар Созишнома аз боҷи содиротӣ озод кардани маҳсулоти нафтии аз Русия ба Тоҷикистон таҳвилшуда дар ҳаҷми зарурӣ барои истемоли дохилии Тоҷикистон пешбинӣ мегардад.

Созишномаи таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистонро ҳукумати Тоҷикистон моҳи майи соли равон тасдиқ намуда буд. Мутобиқи тавозуни индикативии маъқулшуда, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни ситонидани боҷи содиротӣ бо назардошти талаботи афзояндаи ҷумҳурӣ дар сатҳи 1 млн. тонна дар як сол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 325 ҳазору 751 тонна ба маблағи умумии 341 млн. 619 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҳисоби муваққатан бекор шудани пардохти боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтии Русия, нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯхти воридшаванда ба кишвар 239 $, аз 1 ҳазору 288-и давоми моҳҳои январ-ноябр кунун то 1 ҳазору 49 $

поин рафт.

spot_imgspot_img

Популярное