Инкори маълумоти ВАО-и қирғиз дар бораи ҷамъшавии техникаи зиреҳпӯш дар марз

– Маълумоти чанде қабл интишоршуда дар рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар бораи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби кишвари мо ҷамъ шудани техникаи зиреҳпӯш асоси воқеӣ надорад, – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев. «Тамоми техникаи зиреҳпӯши дар ихтиёри Вазорати мудофиа қарордошта дар макони таъиноти доимии муқарраршуда мебошанд», […]

Аваз Юлдошев


– Маълумоти чанде қабл интишоршуда дар рӯзномаи «Вечерний Бишкек» дар бораи дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон аз ҷониби кишвари мо ҷамъ шудани техникаи зиреҳпӯш асоси воқеӣ надорад, – иброз дошт ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон подполковник Фаридун Маҳмадалиев.

«Тамоми техникаи зиреҳпӯши дар ихтиёри Вазорати мудофиа қарордошта дар макони таъиноти доимии муқарраршуда мебошанд», – гуфт ӯ.

Ин маълумоти рӯзномаи «Вечерний Бишкек»-ро дар Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон низ рад карданд.

«Вечерний Бишкек» бо истинод ба сохторҳои қудратии Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар мавзеи Чоркӯҳи ноҳияи Исфараи Тоҷикистон хизматчиёни низомӣ аллакай муддати ду шабонарӯз аст, ки дар техникаи зиреҳпӯш (БТР) қарор доранд. Ба навиштаи рӯзнома, онҳо дар масофаи 1-1,5 км аз Қирғизистон ҷойгир шуда, дар наздикии марз тақрибан 15 адад аз ин техникаҳо гузошта шудааст.

«Ҳайати фармондеҳии Хадамоти марзбонии Қирғизистон огоҳ карда шуда, вале аз ҷониби мо ҷиҳати пурзӯр кардани назорати марз ҳеҷ тадбире андешида намешавад», – зикр кардааст ҳамсуҳбати «Вечерний Бишкек».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.