Вазорати нақлиёт ба ҷашни 90-солагии соҳаи ҳавопаймоӣ омодагӣ мегирад

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев ба роҳбарони фурудгоҳҳо ва хадамоти марбути онҳо ҷиҳати омодагии хуб баҳри қабулу гусели иштирокчиёни нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастуру супоришҳо дод. Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2014-ро Тоҷикистон ба уҳда дошта, нишасти навбатии он 14-уми сентябри соли равон дар Душанбе дар назар аст. Бино ба иттилои хадамоти […]

Пайрав Чоршанбиев


Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асоев ба роҳбарони фурудгоҳҳо ва хадамоти марбути онҳо ҷиҳати омодагии хуб баҳри қабулу гусели иштирокчиёни нишасти Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастуру супоришҳо дод.

Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2014-ро Тоҷикистон ба уҳда дошта, нишасти навбатии он 14-уми сентябри соли равон дар Душанбе дар назар аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёт, рӯзи 2-юми январ дар назди вазири нақлиёти кишвар Хайрулло Асоев масъалаи тайёрӣ ба ҷаласаи ҷамъбастии фаъолият дар соли 2013, таҳияи нақшаву тадбирҳо барои соли 2014 ва як қатор мавзӯҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Қобили зикр аст, ки имсол 3-юми август 90-солагии соҳаи ҳавопаймоӣ таҷлил карда мешавад ва дар ин робита вазир ҳамаи сардорони раёсату шӯъбаҳо ва масъулонро вазифадор намуд, ки дар омодагӣ ба ин ҷаласа ва таҳияву таҳлилҳои дурнамои соли 2014 ба ҳеҷ иштибоҳ роҳ надиҳанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.