Ҳабси Бобаки Занҷонӣ дар Эрон

Тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд. Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, роҳбари боздоштшудаи корпоратсияи Sorinet Group айни замон дар маҳбаси «Эвин» дар Теҳрон қарор дорад, ки бо шароитҳои бади будубош маъруф аст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон алҳол […]

Заррина Эргашева


Тоҷири маъруфи эронӣ Бобаки Занҷонӣ, ки сармояаш тибқи баъзе маълумот 13,8 млрд. $ арзёбӣ мешавад, рӯзи 31-уми декабр дар Эрон ба ҳабс гирифта шуд.

Бино ба маълумоти ВАО-и Эрон, роҳбари боздоштшудаи корпоратсияи Sorinet Group айни замон дар маҳбаси «Эвин» дар Теҳрон қарор дорад, ки бо шароитҳои бади будубош маъруф аст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон алҳол расман дар бораи чӣ гуна айбнома пешниҳод шудан ба ӯ маълумот намедиҳанд, вале чанде қабл як гурӯҳи вакилони парлумони Эрон Занҷониро ба ришвахорӣ муттаҳам карда буданд.

Ғайр аз ин, ҳукуматдорони Эрон қаблан изҳор дошта буданд, ки парвандаи тоҷирро мавриди таҳқиқ қарор додаанд, ки эҳтимол ҳудуди 2 млрд. доллари ИМА маблағи даромад аз фурӯши нафти хомро азхуд кардааст.

Тибқи маълумоти ВАО, Занҷонӣ дороии худро аз фурӯши нафти хом тариқи ширкатҳои пинҳонӣ ба даст овардааст. Дар ин робита ИМА ва Иттиҳоди Аврупо тоҷири эрониро барои риоя накардани таҳримҳои ҷоришуда нисбати Эрон ба «рӯйхатҳои сиёҳ»-и худ шомил сохтанд. Б. Занҷонӣ соҳибкори муваффақест, ки 64 корхонаи ӯ дар кишварҳои Малайзия, АМА, Туркия, Ирон ва Тоҷикистон фаъолият доранд.

Дар Тоҷикистон Занҷонӣ ба ғайр аз “Kont Investment Bank” ҳамчунин соҳиби имтиёзи ширкатҳое чун “Asian Express Airline”, Kont Buil-ding, “Asian Express” аст ва Терминали автобусҳои Душанбе ва Маркази тиҷоратии Душанбе аз тарҳҳои онҳо ба шумор мераванд.

Аввали моҳи майи соли равон раҳбарияти Kont Investment Bank муносибат доштани бонк бо тоҷири эронӣ Бобак Занҷониро

рад намуда

, изҳороти Вазорати молияи ИМА дар бораи қатъи амали дороиҳои бонкро беасос арзёбӣ кард.

Дар робита ба ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати фаъолияти ҶСК «Kont Bank investment»  аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, бонк ҳаҷми сармояи худро

афзуда натавонист.

Сухангӯи ҶСП «Холдинг Конт Групп Тоҷикистон» Далери Абдулло ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки бонк соли 2011 бо сармояи 50 млн. сомонӣ (беш аз 10 млн. $) таъсис дода шуда, соли 2011 ҳаҷми сармояи оинномавии бонк то ба 150 млн. сомонӣ (31,4 млн. $) расонида шуд.

«Тӯли солҳои 2012-2013 то ба 500 млн. сомонӣ расонидани  сармояи бонк дар назар буд, вале бонк ба ин муваффақ шуда натавонист, зеро яке аз сабабҳои асоси он таҳримҳои Раёсати назорати дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА буд, ки аввали соли 2013 эълон гардида буд», – шарҳ дода буд ӯ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.