Боздошти муассиси «Сонмин Сонбогим» ҳангоми кӯшиши порадиҳӣ

Рӯзи 2-юми декабри соли 2013 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ ва назорати тиббӣ, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо, назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ ва дигарон дар Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуданд. Тавре аз маркази […]

ASIA-Plus


Рӯзи 2-юми декабри соли 2013 аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо мутахассисони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фармасевтӣ ва назорати тиббӣ, марказҳои стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва назорати савдо, назорати давлатии санитарии эпидемиологӣ ва дигарон дар Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов чорабиниҳои санҷишӣ гузаронида шуданд.

Тавре аз маркази робита бо ҷомеаи КДАМ ҶТ хабар доданд, санҷиши муштарак нишон дод, ки дар фаъолияти ин марказ як силсила қонуншиканиҳо, аз ҷумла гирифта мондани дорувории муҳлати истифодааш гузашта, риоя нагардидани талаботи меъёрӣ зимни нигоҳдории онҳо, бе иҷозатномаи махсус истифода бурдани таҷҳизоти тиббӣ, аз тариқи қочоқ ворид сохтани асбобу анҷом ва дигар дастгоҳҳои ташхис мавҷуданд. Чунончӣ, зиёда аз 500 номгӯй маводи дорувории муҳлаташон гузашта ва аз тариқи қочоқ ба ҳудуди Тоҷикистон воридшуда дарёфт ва мусодира гардид. Дар ҷараёни санҷиш маълум шуд, ки дар марказ зиёда аз 25 намуд таҷҳизоти тиббии фарсуда мавриди истифода қарор дошта, 5 ҷарроҳии мхталиф бе иҷозатномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба роҳ монда шудааст. Истифода ва нигоҳдории дастгоҳҳои ташхисиву табобатӣ низ мухолиф ба талаботи санитариву эпидемиологӣ мебошанд. Ҳолатҳои мазкур ба раванди қабулу ташхис ва муолиҷаи беморон таъсири манфӣ дошта, саломатии онҳоро зери хатар мегузоранд.

Қобили зикр аст, ки Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов соли 2000 аз ҷониби шаҳрванди Кореяи Ҷанубӣ Ли Ҷонг Бун, соли таваллудаш 1944, пастори генералии Маркази миссионерии «Сонмин Сонбогим», муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, таъсис ёфтааст. Номбурда ба қаламрави Тоҷикистон соли 1992 ворид шуда, фаъолияти худро дар Маркази миссионерии «Грейс Сонмин», воқеъ дар шаҳри Душанбе то соли 2009 идома додааст. Худи ҳамин сол фаъолияти маркази мазкур аз тарафи Вазорати фарҳанг манъ гардид. Тафтиши қазияи «корчаллонии» Ли Ҷонг Бун муайян сохт, ки ӯ қаблан низ якчанд маротиба қонунҳои амалкунандаи ҶТ-ро дағалона вайрон карда, ба воридсозии маводи дорувории муҳлати истифодаашон гузашта, қалбакӣ, зарарнок машғул гардида, онҳоро мавриди истифода қарор додааст. Соли 2008-ум нисбат ба Ли Ҷонг Бун бо дастрасии моддаҳои 314 қисми 1 ва 340 қисми 2, КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, номбурда аз ҷониби Суди шаҳри Хуҷанд ба муҳлати 2 солу 6 моҳ ҷазо гирифтааст. Баъдан бо татбиқи моддаи 71-и КҶ ҶТ нисбат ба Ли Ҷонг Бун 1 сол шартан ҷазо таъйин гардида буд.

Дар ҳудуди вилояти Суғд мактаби хусусии «Файз», маҷмааи савдо ва меҳмонхонаи «Хесон» низ ба Ли Ҷонг Бун тааллуқ дошта, оид ба супоридани андоз дар ин муассисаҳо қонуншиканиҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ, пас аз ошкор гардидани камбудиҳои зиёд дар фаъолияти Маркази хусусии ташхиси тиббии шаҳри Чкалов аз тарафи комиссияи муштарак, роҳбари он Ли Ҷонг Бун бо мақсади рӯйпӯш намудани ин қонуншиканиҳо, ба корманди масъули РКДАМ ҶТ дар ҳаҷми махсусан калон-20 ҳазор доллари ИМА ҳамчун пора пешниҳод намуд. Баъди ба расмият даровардани ҳолати пешниҳоди ришва, 12-уми декабр бо Ли Ҷонг Бун вохӯрӣ таъйин карда шуд. Дар натиҷа, зимни амалӣ сохтани кӯшиши порадиҳӣ Ли Ҷонг Бун аз тарафи кормандони Раёсат ва прокуратураи вилояти Суғд боздошт гардида, аз ӯ маблағи умумии 20 ҳазор доллари ИМА дарёфт ва мусодира шуд. Ҳамчунин дар вақти азназаргузаронии манзили истиқоматии ин шаҳрванди хориҷӣ, воқеъ дар маҳаллаи 20-уми ш. Хуҷанд 1 адад таппончаи травматикии истеҳсоли Олмон бо 12 дона тир, 1 адад садопасткунак ва аз 2 адад ҷевони оҳанӣ маблағи пулӣ, иборат аз асъори хориҷӣ, ки дар маҷмуъ беш аз 150 000 сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид.

Дар айни замон, аз тарафи прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба Ли Ҷонг Бун бо дастрасии моддаи 320 қисми 2-и ҚҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.