Суғд: Боздошти як ноболиғ барои рабудани воситаи нақлиёт

Ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сокини маҳаллӣ Иномхӯҷа Зикриёеви 23-сола муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки нимаи рӯзи 2-юми январ шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум рабудааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ […]

ASIA-Plus


Ба Шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сокини маҳаллӣ Иномхӯҷа Зикриёеви 23-сола муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки нимаи рӯзи 2-юми январ шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи «Опел-Астра»-ро, ки дар назди манзили истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум рабудааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, зимни гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони рабудани воситаи нақлиёт ноболиғ Султонов Абдусаттор Абдуғаниевич, соли таваллудаш 1999, сокини ноҳияи зикргардида дастгир карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.