Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди Академияи илмҳо

Нисбати сардори яке аз гурӯҳҳои таҳқиқотии Донишкадаи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Насриддин Миниқулов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентӣ, Миниқулов дар ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои пулии донишкада гумонбар дониста мешавад. «Дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявии донишкада муайян карда шуд, ки […]

Аваз Юлдошев


Нисбати сардори яке аз гурӯҳҳои таҳқиқотии Донишкадаи астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон Насриддин Миниқулов аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентӣ, Миниқулов дар ғайриқонунӣ азхудкунии воситаҳои пулии донишкада гумонбар дониста мешавад.

«Дар ҷараёни санҷиши фаъолияти молиявии донишкада муайян карда шуд, ки аз соли 2011 то соли 2013 Миниқулов бо истифода аз мансаби хидматӣ беш аз 108,4 ҳазор сомонии барои таъмири расадхонаҳо дар ноҳияҳои Данғараву Ҳисор ҷудошударо ғайриқонунӣ азхуд кардааст», – омадааст дар хабари Агентии зиддифасод.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтишот бар ин назар аст, ки маблағҳои барои таъмири расадхонаҳо ҷудошударо Миниқулов ба манфиати шахсиаш истифода кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.