Интиқоли 1 млн. тонна маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2014


Русияву Тоҷикистон ҷиҳати интиқоли маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 1 млн. тонна дар соли 2014 бидуни пардохти боҷи собиротӣ ба мувофиқа расиданд.

Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки санаи 31-уми декабри соли 2013 вазорату идораҳои дахлдори Русия тавозуни индикативии сӯзишвории Тоҷикистонро маъқул шумориданд.

«Қарор шуд, ки ҳаҷми сӯзишворӣ дар сатҳи соли гузашта боқӣ гузошта шавад. Таври маълум, созишномаи таҳвили бебоҷи маҳсулоти нафтӣ аз Русия ба Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2013, то тасдиқ шуданаш дар Русия муваққтан мавриди амал қарор дода шуд», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, аз ин миқдор маҳсулоти нафтии соли 2014 аз Русия воридмешуда 360 ҳазор тоннашро бензин, 250 ҳазор тонннашро сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонннашро сӯзишвории авиатсионӣ (реактивӣ), 200 ҳазор тоннашро кокси нафтӣ, 32 ҳазор тоннашро битум, 50 ҳазор тоннашро мазут ва 8 ҳазор тоннаашро гази моеъ ташкил хоҳад дод.

Ёдрас мекунем, ки дар ҷаласаи ахири ҳукумати Федератсияи Русия (26-уми декабр) нахуствазири ин кишвар Дмитрий Медведев лоиҳаи қонуни федералӣ «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Русия ва ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба ҶТ»-ро

маъқул донист.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон дар зарфи 11 моҳи соли равон 325 ҳазору 751 тонна ба маблағи умумии 341 млн. 619 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ҳисоби муваққатан бекор шудани пардохти боҷи содиротӣ ба воридоти маҳсулоти нафтии Русия, нархи миёнаи 1 тонна маводи сӯхти воридшаванда ба кишвар 239 $, аз 1 ҳазору 288-и давоми моҳҳои январ-ноябр кунун то 1 ҳазору 49 $ поин рафт.

spot_imgspot_img

Популярное