ИМА Тоҷикистонро аз рӯйхати «кишварҳои хатарнок» хориҷ кард

Тоҷикистон аз рӯйхати «кишварҳои хатарнок» хориҷ шуд – акнун низомиёни амрикоие, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, барои хизмат дар «дар макони хатарнок» дар ҳаҷми 7,5 $ дар як шабонарӯз ё худ 225 $ дар як моҳ пардохтпулии иловагии таъиншударо намегиранд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттахидаи Амрико, санаи 3-юми январи соли […]

ASIA-Plus


Тоҷикистон аз рӯйхати «кишварҳои хатарнок» хориҷ шуд – акнун низомиёни амрикоие, ки дар Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, барои хизмат дар «дар макони хатарнок» дар ҳаҷми 7,5 $ дар як шабонарӯз ё худ 225 $ дар як моҳ пардохтпулии иловагии таъиншударо намегиранд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

Вазорати мудофиаи Иёлоти Муттахидаи Амрико, санаи 3-юми январи соли равон вазорат дар бораи муайян кардани дараҷаи хатарнокии баъзе макони ҷаҳон санҷиш (сертификатсия)-и такрорӣ эълон намудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз 1-уми июни соли равон 9 қаламрав ба сафи макони амн шомил мегарданд, ки миёни онҳо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин давлатҳои Тимори Шарқӣ, Гаити, Либерия, Уммон, Руанда ва Аморати Муттаҳидаи Араб низ дарҷ ёфтаанд.

Гуфта мешавад, сабаби аслии бозбинии рӯйхати «кишварҳои хатарнок» ба мушкилоти молиявӣ дучор шудани ИМА аст. Дар рӯйхати «кишварҳои хатарнок» танҳо давлатҳои Ироқ, Афғонистон, Лубнон, Урдун, Покистон, Сурия, Яман ва Миср боқӣ мемонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.