Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Бо супориши муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон, хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд ҷиҳати ташкили посбонии муштараки марз бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа, равуои озодонаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар манотиқи наздимарзӣ дар шаҳри Исфара вохӯрии корӣ баргузор менамоянд. Қурби асъор Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки […]

ASIA-Plus



Анонс

– Бо супориши муовинони нахуствазирони Тоҷикистону Қирғизистон, хадамоти марзбонӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳукуматҳои вилоятҳои Суғду Ботканд ҷиҳати ташкили посбонии муштараки марз бо мақсади таъмини амнияти ҷомеа, равуои озодонаи шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт дар манотиқи наздимарзӣ дар шаҳри Исфара вохӯрии корӣ баргузор менамоянд.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7743

сомонӣ;


1

евро

– 6.4914

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.144


7



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1839

— Рӯзи ихтирои акс (фотография).


1927 —

Зодрӯзи доктори улуми ҷуғрофия Қандил Ҷӯраев, собиқ ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г.Шевченко (феълан Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ).


1940 —

Таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.


1986

– Аввалин парвози ҳавопаймои боркаши Ан – 124 («Руслан»).


2002

— Осеб дидани се маҳаллаи аҳолинишин дар мавзеи Роғун бар асари заминларза. Офати табиӣ ҷони 3 нафарро рабуда, 55 нафар ҷароҳат бардоштанд.



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона -2+3.


Дар вилояти Суғд

— шабона баъзан боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -9-14, рӯзона 0-5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3, рӯзона -1+4, дар доманакӯҳҳо шабона -4-9, рӯзона 0-5.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


шабона баъзан барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -3+2;  дар шарқи вилоят шабона -23-28, рӯзона -9-14.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона +1+3.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас. 

Ҳарорат: шабона -1-3, рӯзона 0+2.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона боришот, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +2+4.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас, туман.   

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +1+3. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.