Номзадии раисони ноҳияҳои Дарвозу Рӯшон ба вакилии Маҷлиси миллӣ

Раисони ноҳияҳои Дарвозу Рӯшони ВМКБ Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Худоёр Худоёров ба номзадии вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, маъракаи пешбарии номзадҳо ба ҷойи аъзои хориҷшудаи палатаи болоии парлумони кишвар то 11-уми январ идома меёбад ва мутобиқи […]

Аваз Юлдошев


Раисони ноҳияҳои Дарвозу Рӯшони ВМКБ Саидбурҳон Абдураҳмонов ва Худоёр Худоёров ба номзадии вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешбарӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Абдуманнон Додоев хабар дод, маъракаи пешбарии номзадҳо ба ҷойи аъзои хориҷшудаи палатаи болоии парлумони кишвар то 11-уми январ идома меёбад ва мутобиқи меъёрҳои қонунгузории Тоҷикистон, номзадҳои пешбаришуда аз ҷониби комиссияҳои интихоботии ҳавзаҳо расо як моҳ қабл аз баргузории интихобот, яъне то 15-уми январ расман ба қайд гирифта мешаванд.

«Имрӯз вакилони маҷлисҳои маҳаллии ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ ва Ашти вилояти Суғд низ номзадҳои худ ба аъзогии Маҷлиси миллиро пешбарӣ краланианд», – гуфт Додоев.

Ёдрас мекунем, ки дар иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 17-уми декабри соли ҷорӣ баргузор шуд, 9 нафар аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ ба истеъфо рафтанд.

Собиқ раисони вилоятҳои Суғду Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қоҳир Расулзода ва Қодири Қосим ва Хайрулло Асоев бинобар сабаби ба мансабҳои нави давлатӣ таъин шуданашон дар ҳайати ҳукумат ваколатҳои худ дар Маҷлиси миллиро супурданд.

Ҳамчунин собиқ раиси Академияи улуми ҶТ Мамадшо Илолов, собиқ раиси шаҳри Норак Ҳамид Абдуллоев, собиқ раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Афзалов, собиқ раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов, собиқ раиси ноҳияи Рӯшон Қобиламо Ғулошоева ва собиқ раиси ноҳияи Дарвоз Шамсмуҳаммад Назриев низ бо хоҳиши худ аз сафҳои палатаи болоии парлумон хориҷ гардиданд.

КМИР Тоҷикистон интихоботи вакилон ба ҷойи аъзои хориҷшудаи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистонро санаи 15-уми феврали соли 2014 таъин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.