Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони мавсими футболи Тоҷикистон дар соли 2013 доир мегардад. Оғоз соати 14:00; – Сафари кории намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча ба Тоҷикистон; – Аз 9 то 11-уми январ дар дафтари […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» маросими пуршукӯҳи тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони мавсими футболи Тоҷикистон дар соли 2013 доир мегардад. Оғоз соати 14:00;

– Сафари кории намояндаи махсуси Дабири кулли СММ, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгиркунанда дар Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча ба Тоҷикистон;

– Аз 9 то 11-уми январ дар дафтари кории Федератсияи футболи шаҳри Душанбе машғулиятҳои таълимиву методии доварон баргузор мешавад. Дар машғулиятҳо 14 нафар доварони соҳибкасбу ҷавон ширкат меварзанд.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7742

сомонӣ;


1

евро

– 6.4913

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.14


36



сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


1863

— Дар Лондон нахустин хатти метро кушода шуд.


1910

— Зодрӯзи олим, доктори улуми геологиву минералогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶШС Тоҷикистон Захаров Сергей Акимович.


1920

— Таъсиси Лигаи Миллатҳо – созмони байнулмилалии кишварҳо, ки соли 1945 онро Созмони Милали Муттаҳид (СММ) иваз кард.


1935

— Ташкили ноҳияи Регар (аз соли 1978 – ноҳияи Турсунзода).


1936

— Шаҳри Хуҷанд ба Ленинобод номгузорӣ шуд.


2000

— Чин парвози киштии кайҳонии «Шенчжоу»-ро дар реҷаи автоматӣ амалӣ кард.



Вазъи обуҳаво




Дар




вилояти




Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман мефарояд. 

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2-7, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона -1+4.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.    

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3-8, рӯзона 0+5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона 0-5.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон шабона ва субҳгоҳон каме барф меборад, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.     

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1-6, рӯзона +1+6, дар доманакӯҳҳо шабона -5-10, рӯзона 0-5.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


шабона каме барф меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -10-15, рӯзона 0-5;  дар шарқи вилоят шабона -24-29, рӯзона -9-14.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -2-4, рӯзона +2+4.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +4+6.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона -4-6, рӯзона +3+5. 


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -2-4.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.