Ҳушдори Хадамоти муҳоҷират оид ба сабт дар «хонаҳои резинӣ»

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба маълумоти тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мерасонад, ки  дар давоми соли 2013 аз сӯи Федератси Россия як қатор қонунҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ қабул гардиданд ва аз моҳи январ солӣ 2014 амал мекунанд, аз ҷумла Қонун «Дар бораи «Хонаҳои резинӣ»  низ […]

ASIA-Plus


Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба маълумоти тамоми шаҳрвандон-муҳоҷирони меҳнатии тоҷик мерасонад, ки  дар давоми соли 2013 аз сӯи Федератси Россия як қатор қонунҳо дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ қабул гардиданд ва аз моҳи январ солӣ 2014 амал мекунанд, аз ҷумла Қонун «Дар бораи «Хонаҳои резинӣ»  низ дар қаламрави Россия мавриди амал қарор гирифт.

Тавре, ки Александр Аксенов сардори Раёсати бақайдгирии шиносномавӣ ХФМ ФР иттилоъ дод, баъди анҷом ёфтани истироҳати солинавӣ моҳи январи соли 2014 санҷиши «хонаҳои резинӣ» оғоз гардида, қонуни марбут ба баҳисобгирии маҳалли зисти шаҳрвандони хориҷӣ дар Федератсия Россия амал мекунад.

Тавре Абдуллоҳи Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ хабар дод, қонуни мазкур ба онҳое, ки сабти номи сохтагӣ ва ё санади нодуруст нисбати шаҳрвандони хориҷӣ таҳия намудаанд, пешбинӣ шудааст. «Дар қонуни мазкур ҷазо барои шаҳрванди Россия ва шаҳрвандони хориҷӣ (но вобаста аз маҳаллӣ зист) татбиқ хоҳад шуд, дар ҳаҷми 100.000 – 500. 000 рубл ҷарима пешниҳод шудааст. Ва ё ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб намудан ба мӯҳлати на кам аз 3 сол ё, ки аз озодӣ маҳрум намудан муқаррар шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, тибқи тағйиротҳои мазкур ҷавобгарии шаҳрванди хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба онҳо ворид шудан ба Федератсияи Россия манъ шудааст ва онҳо дидаю дониста  сарҳади давлатии ин кишварро ғайриқонунӣ убур менамоянд дар асоси қонунгузории Федератсияи Россия чунин ҷазоҳо пешбини шудааст: ҷарима дар ҳаҷми  2000 – 3000, рубл дар баробари соҳибхонаҳо ҷарима дар ҳаҷми  2000 – 5000 рубл барои шахсони ҳуқуқӣ, ҷарима дар ҳаҷми 25.000 то 75.000 рубл пешбини шудааст.

«Ин мушкилот дар навбати худ проблемаҳои баъдиро дар пай дошта, бештар дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва манотиқи дигари Москва ва Ленинград, ки дар онҷо шаҳрвандони хориҷӣ кору фаъолият доранд зиёдтар мебошад, зеро шаҳрвандони хориҷӣ ва махсусан муҳоҷирони меҳнатӣ – шаҳрвандони мо тоҷикистониён зиёданд», – таъкид дошт  А.Қодирӣ.

«Аз ин рӯ, аз тамоми шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш карда мешавад, ки қонунгузориҳои нави Федератсияи Россияро  риоя намуда, пеш аз ба қайд гузоштан дар «хонаҳои резинӣ» аз шуъбаҳои бақайдгирии ХМФ ФР маълумоти заруриро касб намуда, баъдан худро дар  қайд гузоранд  ва аз миёнаравҳо ва қаллобоне, ки бо корҳои сиёҳ ва ғайри расмӣ машғуланд, худро дур нигоҳ доранд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.