Реҷаи маҳдуди фаъолияти фурудугоҳи пойтахт бар асари туман

Бинобар сабаби фаромадани тумани зич, дар ҷадвали парвозҳои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид гардид. Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат гирифта, аксари ҳавопаймоҳое, ки ҷониби фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш, […]

ASIA-Plus


Бинобар сабаби фаромадани тумани зич, дар ҷадвали парвозҳои Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) тағйирот ворид гардид.

Тавре сухангӯи ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат гирифта, аксари ҳавопаймоҳое, ки ҷониби фурудгоҳи Душанбе парвоз мекарданд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Самарқанд нишастанд.

«Рейси №203 Душанбе – Санкт Петербург, ки бояд соати 21:30 парвоз мекард, алъон дар Душанбе қарор дорад. Рейси №114 хатсайри Урумчи – Душанбе, ки бояд соати 22:30 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №6019 хатсайри Урумчи –Душанбе, ки бояд соати 23:00 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, дар фурудгоҳи Урумчи қарор дорад. Рейси №202 Москва (Домодедово)-Душанбе, ки бояд соати 24:00 дар фурудгоҳи Душанбе менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №803 Москва (Внуково) –Душанбе, ки бояд соати 03:00 менишаст, ҳоло дар фурудгоҳи Хуҷанд қарор дорад. Рейси №885 Санкт Петербург-Душанбе, ки бояд соати 01:00 фуруд меомад, дар фурудгоҳи шањри Самарқанд қарор дорад», – иброз дошт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки бино ба иттилои обуҳавошиносон, тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. «Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурўъ хоҳанд шуд. Мусофирони зиёде, ки алъон парвозашон мавқуф гузошта шудааст, вазъияти баамаломадаро дуруст дарк карда, кушода шудани ҳаворо интизоранд», – гуфт Шодиев.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки аз ҷониби фурудгоҳи Душанбе барои мусофирон ҳама шароит муҳайё карда шуда, нуқтаҳои фурӯши хмаҳсулоти ғизойӣ, хонаи модару кӯдак, толорҳои интизорӣ, толори сабти номи мусофирон, толори тиҷорӣ (CIP) ва дигар хизматрасониҳо муҳайё карда шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.