Нигаронии раиси Хатлон аз бахши тандурустии вилоят

Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз рафти иҷрои барномаи давлатии «Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» изҳори нигаронӣ намуд. Бино ба гуфти як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Давлатшо Гулмаҳмадов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати вилоят аз он изҳори ташвиш намудааст, ки рафти иҷрои барномаи номбурда дар қаламрави вилоят ғайриқаноатбахш […]

Сайраҳмон Назриев


Иҷрокунандаи раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов аз рафти иҷрои барномаи давлатии «Рушди соҳаи тандурустии вилояти Хатлон барои солҳои 2013-2015» изҳори нигаронӣ намуд.

Бино ба гуфти як манбаъ аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Давлатшо Гулмаҳмадов дар яке аз ҷаласаҳои ҳукумати вилоят аз он изҳори ташвиш намудааст, ки рафти иҷрои барномаи номбурда дар қаламрави вилоят ғайриқаноатбахш аст.

«Дар ин барнома, ки дар маҷмӯъ 313,8 млн. сомониро дар бар мегирад, барои соли 2013 128,8 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Мутаассифона, иҷрои ин барнома дар соли 2013 ҳамагӣ 46,6 млн.н сомонӣ ё худ ё 36,2% аз ҳаҷми умумиро ташкил додааст», – гуфтааст раиси вилоят.

Барои шарҳи ин гуфтаҳои раиси вилоят мо ба раёсати тандурустии вилояти Хатлон муроҷиат намудем. Як манбаъ аз ин раёсат, ки нахост номашро ифшо кунем, гуфт, ин соли аввал аст ва баъзе мушкилӣ баҳри иҷрои барнома пеш омада, баъдан баъзе аз навоҳии вилоят дар иҷрои ин барнома хунукназарӣ зоҳир намудаанд. 

«Аслан аз маблағи умумии барнома, ки ба 313,7 млн. сомонӣ баробар аст, 176 млн. сомонии он бояд бо ҷалби маблағҳои сармоягузорони дохиливу хориҷӣ амалӣ карда шавад, вале мутаассифона, соли гузашта ба қисме аз навоҳӣ барои иҷрои ин барнома ҷалби на сармоягузорони дохиливу на хориҷӣ муясссар нагардид. Умедворем, ки соли 2014 рафти амалисозии барномаи номбурда хуб ба роҳ монда мешавад,  – афзуд манбаъ.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.