Зарардидагони заминларзаи Ваҳдат то ҷашни Наврӯз соҳиби хона мешаванд

То ҷашни Наврӯз ҳудудан 40 оилаи зарардида аз заминларзаи Ваҳдат бо хонаҳои истиқоматӣ пурра таъмин карда мешаванд. Дар ин бора 9-уми январ  Абдувалӣ Комилов – раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани ҷамъбасти фаъолияти солона хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, аз 105 хонаи банақшагирифташуда дар маҳаллаи навбунёди Истиқлоли ҷамоати деҳоти Раҷаб […]

Азия-Плюс


То ҷашни Наврӯз ҳудудан 40 оилаи зарардида аз заминларзаи Ваҳдат бо хонаҳои истиқоматӣ пурра таъмин карда мешаванд. Дар ин бора 9-уми январ  Абдувалӣ Комилов – раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни гузаронидани ҷамъбасти фаъолияти солона хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, аз 105 хонаи банақшагирифташуда дар маҳаллаи навбунёди Истиқлоли ҷамоати деҳоти Раҷаб Исмоили шаҳри Ваҳдат айни замон дар 61 қитъаи замини ҷудошуда корҳои сохтмонӣ идома доранд,

Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи заминларзаи моҳи ноябри соли гузашта дар ҷамоатҳои Карим Исмоил, Раҷаб Исмоил, Бозорбой Боронов ва Чорсӯйи ноҳияи Ваҳдат 104 хонаи истиқоматӣ пурра ва 259 хона қисман хароб гардиданд.Тибқи маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бо супориши президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки таъҷилан ба осебдидагони заминларза кӯмак расонанд ва барои барқарор кардани хонаҳои истиқоматӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.