Соли равон Русия дар Афғонистон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ карданист

Соли равон Русия дар Афғонистон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ карданист Дар мусоҳиба ба радиои «Голос России» сафири Русия дар Афғонистон Андрей Аветисян дар ин робита изҳор намудааст, ки яке аз лоиҳаҳо мавриди истифода қарор додани Комбинати хонасозии Кобул аст, ки аллакай аввали соли равон ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон шурӯъ намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷиддии […]

ASIA-Plus


Соли равон Русия дар Афғонистон як қатор лоиҳаҳои бузургро амалӣ карданист

Дар мусоҳиба ба радиои «Голос России» сафири Русия дар Афғонистон Андрей Аветисян дар ин робита изҳор намудааст, ки яке аз лоиҳаҳо мавриди истифода қарор додани Комбинати хонасозии Кобул аст, ки аллакай аввали соли равон ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон шурӯъ намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷиддии камбуди манзил дар ин кишвар мусоидат мекунад.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки моҳи октябри соли равон Хонаи илм ва фарҳанги Русия дар Кобул низ дарҳои худро барои меҳмонон боз мекунад.

Аз дигар лоиҳаҳои Русия дар Афғонистон, ки соли 2014 амалӣ карданашон дар назар аст, сафир аз анҷоми корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқиву обии «Наглу» ном бурдааст, ки солҳои 60-уми асри гузашта бо иштироки мутахассисони шӯравӣ сохта шуда, шаҳри Кобулро ба нерӯи барқ таъмин мекунад. «Мутахассисони рус аллакай се агрегати онро мавриди истифода қарор дода, дар фурсати наздиктарин агрегати чоруми он низ ба кор медарояд ва дар натиҷа иқтидори умумии он 100 мегаваттро ташкил хоҳад дод», – гуфтааст Аветисян.

Самти дигари ҳамкориҳои Русияву Афғонистонро сафир бахши маориф арзёбӣ намуда, дар ин робита изҳор кардааст, ки ҳамасола ҳудуди 130 нафар донишҷӯёни афғонӣ ба мактабҳои олии Русия қабул карда шуда, ғайр аз ин, беш аз 200 нафар афсарони пулиси Афғонистон ва ҳамчунин афсарони артиши ин кишвар дар курсҳои такмили ихтисоси Русия таҳсил мекунанд.

«Соли 2014 Русия ба амалисозии лоиҳаи бузургмиқёс дар Афғонистон оид ба рушди маориф дар қаламрави ин кишвар оғоз намуда, ба таҷдиду азнавсозии ду мактаби олии бузург – Донишгоҳи политехникӣ ва техникуми автомеханикии Кобул кӯмак хоҳад кард», – афзудааст сафир.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.