Таҳдидҳо ба фаъолони бозии футбол дар Маскав ба дастгирии Зайд Саидов

Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон дар бораи расидани таҳдидҳо аз шахсони номаълум ба унвони иштирокчиёни бозии футбол, ки чанде қабл ба дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар Маскав доир гардида буд, хабар медиҳад. «Ба се нафар иштирокчиён аз рақамҳои номаълум таҳдидҳо садо доданд. Афроди номаълум тақозо намуданд, ки иштирокчиёни аксия аз болои Иттифоқи […]

ASIA-Plus


Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия Иззат Амон дар бораи расидани таҳдидҳо аз шахсони номаълум ба унвони иштирокчиёни бозии футбол, ки чанде қабл ба дастгирии соҳибкор Зайд Саидов дар Маскав доир гардида буд, хабар медиҳад.

«Ба се нафар иштирокчиён аз рақамҳои номаълум таҳдидҳо садо доданд. Афроди номаълум тақозо намуданд, ки иштирокчиёни аксия аз болои Иттифоқи мо ба сафоратхонаи Тоҷикистон шикоят кунанд, вагарна онҳоро нохушиву ногувориҳо интизор хоҳад буд», – иброз дошт Иззат Амон.

Раиси Иттифоқ тахминҳои худро бо он асоснок мекунад, ки ба ҷуз зангҳои телефонӣ, дар шабакаи иҷтимоии «В Контакте» низ аз Маҳина ном шахсе ба унвони иштирокчиёни аксия таҳдидҳо сурат гирифтаанд. Иштирокчиёни аксия ӯро мешиносанд ва ӯ дар сафоратхона кор мекунад. Фамилияи занро Иззат Амон ном набурд.

«Ӯ ба онҳо таҳдид кардааст, ки агар аз болои дастандаркорони аксия шикоят набаранд, зимни ба ватан баргаштанашон паҳлӯи Зайд Саидов шинонида мешаванд», – мегӯяд Иззат Амон.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 5-уми январи соли ҷорӣ наздики 100 тан аз фаъолони Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар Русия дар маҷмааи варзишии «Москва» барои дастгирии ташаббускори таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов

як аксия

доир намуданд.

Қобили зикр аст, ки соҳибкори шинохта Зайд Саидов ба 26 соли зиндони низомаш шадид  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли вазифаҳои роҳбарикунандаи давлатию мансабҳои давлатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати 5 сол ва ҷазои ҷарима ба андозаи 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 80 ҳазор сомонӣ ба фоидаи давлат маҳкум карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.