Коҳиши воридоти гандум ба Тоҷикистон дар соли гузашта

Соли гузашта ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 ҳазору 206 тонна гандум ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи қариб 15% камтар аст. Аз КВД «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта ҳаҷми воридоти орд низ ба ҷумҳурӣ кам гардида, ба ҷойи 345,3 ҳазори соли 2012 соли […]

Заррина Эргашева


Соли гузашта ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 640 ҳазору 206 тонна гандум ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи қариб 15% камтар аст.

Аз КВД «Ғалла» ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки соли гузашта ҳаҷми воридоти орд низ ба ҷумҳурӣ кам гардида, ба ҷойи 345,3 ҳазори соли 2012 соли 2013 ба Тоҷикистон 232,3 ҳазор тонна орд ворид шудааст.

«Коҳиши воридоти ин навъи маҳсулот аз афзоиши истеҳсоли дохилӣ дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар деҳот аз гандуми дар қитъаи замини худ гирифтаашон истифода мекуннд. Коҳиши истеъмоли орди воридотӣ ба нархҳои бозор ҳам таъсир расонида, имрӯз нархҳои ин маҳсулот дар бозор устувор боқӣ мемонанд, ҳарчанд ҳамасола дар фасли зимистон афзоиши нархҳо ба мушоҳида мерасид», – гуфтанд дар корхона.

Тибқи маълумоти оморӣ, истеҳсоли орд дар дохили ҷумҳурӣ дар соли 2013 низ коҳиш ёфта, 1 млн. 158,1 ҳазор тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2012 ба андозаи 3% камтар мебошад.

Соли 2013 ғаллакорони ҷумҳурӣ 1 млн. 84,2 ҳазор тонна ҳосили гандум ба даст оварданд, ки нисбат ба соли 2012 ба миқдори 16,4% зиёдтар аст. Нархи 50 кило орди навъи якум дар бозори чаканаи Тоҷикистон аз 123 то 135 сомониро ташкил медиҳад. Моҳи декабр гандум ба Тоҷикистон бо нархи 240-250 доллари ИМА барои 1 тонна ворид карда шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.