Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон

Ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилшод Восиев дар мавсими имсола 10 тӯб ба ҳадаф расонида, дар сабқати ноил гардидан ба ин унвони фахрӣ аз ҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов […]

ASIA-Plus


Ҳамлагари дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Дилшод Восиев соли дуюм паиҳам беҳтарин футболбози Тоҷикистон дониста шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, Дилшод Восиев дар мавсими имсола 10 тӯб ба ҳадаф расонида, дар сабқати ноил гардидан ба ин унвони фахрӣ аз ҳимоятгари дастаи «Равшан»-и Кӯлоб Ҳасан Рустамов ва нимҳимоятгари дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов пеш гузаштааст.

Гуфта мешавад, рӯзи ҷумъа ба Дилшод Восиев ҷоизаи аз ҷониби газетаи Marca таъсисёфта тақдим карда шуд.

Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷоизадорони мавсими футболи соли 2013-и Тоҷикистонро муайян кард.


Ҷоизадорони мавсими соли 2013-и футболи Тоҷикистон:


Беҳтарин дарвозабон

– Алишер Тӯйчиев («Истиқлол»).


Беҳтарин ҳимоятгар

– Ҳасан Рустамов («Равшан»).


Беҳтарин нимҳимоятгар

– Хуршед Маҳмудов («Регар-ТадАЗ»).


Беҳтарин ҳамлагар

– Мирзобек Мирзоев («Хайр»)


Нишонзани беҳтарин

– Ҳусейни Суҳробӣ («Истиқлол») – 11 тӯб.


Беҳтарин мураббӣ

– Рустам Хоҷаев («Хайр»).


Беҳтарин довар

– Раҳмон Муртазоев (Душанбе).


Беҳтарин мураббии кӯдакон

– Сафар Раҳмонов (МҶМОВ)).


Беҳтарин бозигари футзал

– Миралӣ Шарифов («Бонки миллӣ»).


Беҳтарин футболбоззан

– Мадина Фозилова («Ласточка»).


Беҳтарин бозигар миёни кӯдакони соли таваллуди 2000-2001

– Аслан Камолов (Академияи «Истиқлол»).


Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1998-1999

– Ваҳдат Ханонов (МҶМОВ).


Беҳтарин бозигар миёни наврасони соли таваллуди 1996-1997

– Алишер Сафаров  (МҶМОВ).


Беҳтарин легионери чемпионати Тоҷикистон

– Дэвид Мауто («Равшан»).


Беҳтарин футболбози Тоҷикистон, ки дар мусобиқоти хориҷи кишвар бозӣ мекунад

– Фарҳод Восиев («Газовик», Оренбург, Русия).


Беҳтарин футболбози Тоҷикистон дар соли 2013

– Дилшод Восиев («Истиқлол»).

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.