Зимни нишасти хабарии имрӯза раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов иттилоъ дод, ки имрӯз дар кишварҳои исломӣ 169 донишҷӯёни тоҷик боқӣ мондаанд.
Ба гуфтаи ӯ, то имрӯз аз макотиби таълимоти динии кишварҳои хориҷӣ 2 ҳазору 70 нафар тоҷикистониён ба ватан баргардонида шуда, дар кишварҳои мусалмонӣ дар маҷмӯъ 2 ҳазору 874 нафар ҷавонон таълимоти динӣ гирифтаанд.
«Аз шумори донишҷӯёни ба ватан баргашта 237 нафарашон дар муассисаҳои таълимии маҳаллӣ таҳсил дошта, 50 тан аз онҳо дар макотиби таҳсилоти умумӣ, 181 нафар дар макотиби олӣ ва 6 нафар дар мадрасаҳо таълим мегиранд», – иброз дошт ӯ.
Холиқов ҳамчунин зикр кард, ки донишҷӯёни тоҷик асосан дар муассисаҳои таълимоти динии Арабистони Саъудӣ, Ливия, Миср, Эрон, Покистон ва Яман ба таҳсили илм машғул буда, акнун танҳо пас аз хатми Донишкадаи исломии Тоҷикистон метавонанд дар кишварҳои исломӣ таҳсил кунанд.



