Муфтӣ маоши имконпазири имомхатибонро эълон кард

spot_imgspot_img

Дата:


Аз 1-уми ферали соли ҷорӣ имомхатибони масоҷиди Тоҷикистон нахустин музди меҳнати расмии худро дастрас мекунанд.

Раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода имрӯз дар ин робита изҳор намуд, ки тибқи ҳисобҳои пешакӣ, ҳаҷми музди меҳнати роҳбари масҷиди марказӣ – 2 ҳазор сомонӣ, сархатиб – 1,5 ҳазор сомонӣ ва имомхатиб – 800 сомониро ташкил дода, дар маҷмӯъ ҳудуди 300 нафар ходими дин ба маоши доимӣ таъмин карда мешаванд.

Ба қавли муфтӣ, дар ин масъала имомхатибон бо Маркази исломӣ, Маркази исломӣ бо Кумитаи дин ва дар навбати худ Кумитаи дин бо Вазорати молия қарордод ба имзо мерасонанд. «Аммо таъкид месозам, ки ҳаҷми зикршудаи музди меҳнат алҳол комилан мушаххас нест», – иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, раиси Кумита Абдураҳим Холиқов дар ин маврид зикр кард, ки ин музди меҳнат набуда, як навъ дастгириест, ки онро худи имомхатибон дархост намуда буданд.

Ба қавли Абдуқодирзода, барои тамоми ходимони дин сарулибоси ягона муқаррар шуда, ранги он кабуд ва дорои рамзҳои миллӣ хоҳад буд. «Сарулибоси ягонаи имомхатибон дар корхонаи «Ёқут-2000» дӯхта шуда, он аз ҷониби Маркази исломӣ маъқул дониста шуд ва аллакай ҳафтаи оянда имом-хатибон сарулибоси ягонаро ба бар мекунанд», – гуфт муфтӣ.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...