Суғд: Гунаҳкорони се куштори пурсарусадо ошкор нашуданд

Гунаҳкорони ҷинояти се куштори пурсарусадо дар вилояти Суғд, ки давоми соли 2013 содир гардид, ошкор нашуданд. Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд генерал-майори адлия Шариф Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки гумонбарони се куштори пурсарусадо дар вилоят дар соли 2013 – қотилони посбони шуъбаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ашт, оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров […]

Мавлуда Рафиева


Гунаҳкорони ҷинояти се куштори пурсарусадо дар вилояти Суғд, ки давоми соли 2013 содир гардид, ошкор нашуданд.

Зимни нишасти хабарӣ прокурори вилояти Суғд генерал-майори адлия Шариф Қурбонов дар ин робита изҳор намуд, ки гумонбарони се куштори пурсарусадо дар вилоят дар соли 2013 – қотилони посбони шуъбаи «Амонатбонк» дар ноҳияи Ашт, оилаи Бобоевҳо дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оилаи Халлоқовҳо дар шаҳри Исфара ошкор карда нашуданд.

Ба гуфтаи прокурори вилоят, соли 2013 дар қаламрави минтақаи шимоли ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ 43 ҳодисаи одамкушӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли 2012 5 ҳодиса бештар аст.

Ш.Қурбонов ҳамчунин зикр кард, ки аз шумори умумии ҷиноятҳои марбут ба одамкушӣ 40-тоаш ошкор гардида, аз рӯи 30 ҳодисаи вобаста ба ин парвандаҳо мурофиаҳои судӣ оғоз гардидаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.