Баррасии дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону БАТР дар бахши нақлиёт

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти мақомоти раҳбарӣ ва кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо сарварии роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ […]

Пайрав Чоршанбиев


Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта зимни мулоқоти мақомоти раҳбарӣ ва кормандони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо ҳайати коршиносони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) бо сарварии роҳбари тозаинтихоби намояндагии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ричард Ҷонс вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши нақлиёт баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаҳои дастгирии лоиҳаҳои Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт аз ҷониби БАТР табодули назар намуда, ҳамчунин ҷараёни амалисозии лоиҳаҳои аз ҷониби ин бонк дар Тоҷикистон маблағгузоришударо муҳокима карданд.

Қобили зикр аст, ки Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба рушди зербинои мунитсипилаии Тоҷикистон, аз ҷумла беҳбуди вазъи хизматгузорӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ маблағгузорӣ карда, ҳамроҳ бо дигар ташкилотҳои молиявӣ баҳри рушди ин соҳа ба сифати қарз ва ҳамчунин бурсҳо ҳудуди 100 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо намуд.

Бино ба маълумоти намояндагии БАТР дар Душанбе, ин дастгирӣ ва кумак дар доираи тарҳҳои дарозмуҳлат оид ба таҷдиди зербинои мунитсипиалӣ амалӣ карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.