Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ беш аз 5,2 млрд. $-ро ташкил дод

spot_imgspot_img

Дата:


Соли гузашта ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра маъмулан манфӣ ва муодили ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА шудааст. Соли сипаришуда Тоҷикистон бо 99 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 89 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Соли 2013 ҳаҷми содироти мол беш аз 1 млрд. 163 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли 20012 ба миқдори 14,4%  ё худ 196,2 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 4 млрд. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли пешин 9,1% ё худ беш аз 342 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар соли 2013 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – 711 млн. $, Чин – 682 млн. $ ва Туркия – тақрибан 656 млн. $-ро ташкил дод.

Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2012 зиёда аз 5,1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода буд, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2011 ба миқдори 15,1% ё худ 674 млн. $ зиёдтар буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...