Аз фаъолият бозмондани бозори «Самарқандак» дар Ботканд


Бозори «Самарқандак» дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳаммарз аст, аз фаъолият бозмонд.

Соҳибкори исфарагӣ Абдуназар Муҳаммадов, ки муддати чандин соли ахир ба хариду фурӯши чорво дар ин бозор машғул буд, тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки пас аз муноқишаи мусаллаҳонаи рӯзи 11-уми январ миёни марзбонони ҳарду кишввар, Қирғизистон якҷониба марзҳои худ бо Тоҷикистонро баста, мутаносибан дастрасии соҳибкорони тоҷик ба бозор ғайриимкон ва соҳибкорони қирғиз аз сарчашмаи фурӯши маҳсулоти асосии худ – чорво ва хушкмева маҳрум шудаанд.

Соҳибкори тоҷик бо истинод ба шарики тиҷоратии худ аз Қирғизистон Арсланбек Тургунов мегӯяд, баста шудани бозор ба коҳиши босуръати нархи чорво ва хушкмеваи қирғизҳо ва ҳамзамон болоравии босуръати маҳсулоти ғизойӣ, пеш аз ҳама орд, ки онҳоро дар бозор соҳибкорони тоҷик таъмин мекарданд, оварда расонид.

«Масалан, қаблан нархи як халта орди тоҷикон дар бозор 120-130 сомониро ташкил медод, баъди баста шудани марз бошад, арзиши он дар ноҳияи наздимарзии кишвари ҳамсоя то 170-180 сомонӣ боло рафт», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки бозори наздимарзии «Самарқандак»зиёда аз даҳ сол қабл ифтитоҳ гардида, дар он бо асъори миллии Тоҷикистону Қирғизистон хариду фурӯш сурат мегирифт.

Дар ҳамин ҳол, аз Иттифоқи касабаи шаҳри Исфара ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин маврид иттилоъ доданд, ки бо аз фаъолият мондани бозори мазкур гӯшт дар шаҳр гарон нашудааст, зеро дар худи шаҳр низ таъминот бо гӯшт кофӣ аст.

spot_imgspot_img

Популярное