То имрӯз ҳудуди 50%-и марзи Тоҷикистону Қирғизистон аломатгузорӣ шудааст

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ то имрӯз аломатгузорӣ дар беш аз 500 километри марзро ба итмом расонид, ки тақрибан 50%- аз масофаи умумии марзи байни кишварҳоро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Муҳаммадтоҳир Зокиров хабар дод. Ба қавли ӯ, комиссияи байниҳукуматии […]

ASIA-Plus


Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба аломатгузории марзи давлатӣ то имрӯз аломатгузорӣ дар беш аз 500 километри марзро ба итмом расонид, ки тақрибан 50%- аз масофаи умумии марзи байни кишварҳоро ташкил медиҳад. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезияи ҷумҳурӣ Муҳаммадтоҳир Зокиров хабар дод.

Ба қавли ӯ, комиссияи байниҳукуматии кишварҳо оидиба аломатгузорӣ дар марзи давлатӣ аз соли 2002 ва ғайр аз ин, комиссияи байнидавлатии ҷонибҳо дар сатҳи баланд низ дар ин самт амал мекунанд, ки тамоми маҷмӯи муносибатҳои миёни кишварҳоро баррасӣ мекунанд.

«Имрӯз дар Исфараву Ботканд комиссияи муштарак роҳу воситаҳои раҳоӣ аз вазъи муташанниҷ дар марзро ҷустуҷӯ дошта, пас аз хар як вохӯрӣ комиссия ба ҳукумати кишварҳо ҳисобот медиҳад», – иброз дошт ӯ.

Зокиров изҳор кард, ки то имрӯз комиссия нақшаи кори худ барои соли 2014-ро тасдиқ намуда, ҷонибҳо дар кори худ ба ду ҳуҷҷати «сарнавиштсоз» – ҳуҷҷатҳои солҳои 1924-1927 ва санади соли 1989 дар бораи муайян кардани марзҳо такя мекунанд. «Имсол комиссия ба аломатгузорӣ дар қитъаҳое наздик омад, ки сари он ҳанӯз аз солҳои 20-уми қарни гузашта баҳсҳо миёни ҷонибҳо идома доранд», – қайд кард вай.

Раиси Кумита аз намояндагони ВАО даъват кард, ки дар инъикоси масоили баҳсии марз мулоҳизакорона рафтор намуда, онҳоро якҷониба баррасӣ накунанд ва танҳо ба далелҳои аз ҷониби комиссия эълоншуда такя намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова