Эътилофи зидди шиканҷа: тафтиши марги Умедҷон Тоҷиев зарур аст

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон имрӯз бо пахши як изҳорот вобаста ба фавти Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, ки 19-уми январи соли 2014 дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд пас аз интиқол аз тавқифгоҳи тафтишотии ш. Хуҷанд фавтидааст, шадидан изҳори нигаронӣ кард. Дар изҳороти мазкур аз ҷумла омадааст: “Қаблан ВАО иттилоъ […]

Азия-Плюс


Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон имрӯз бо пахши як

изҳорот

вобаста ба фавти Умедҷон Тоҷиеви 34-сола, ки 19-уми январи соли 2014 дар Беморхонаи марказии Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар вилояти Суғд пас аз интиқол аз тавқифгоҳи тафтишотии ш. Хуҷанд фавтидааст, шадидан изҳори нигаронӣ кард.

Дар изҳороти мазкур аз ҷумла омадааст:

“Қаблан ВАО иттилоъ доданд, ки 2-юми ноябри соли 2013 сокини 34-солаи ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, узви раёсати бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Исфара Умедҷон Тоҷиев аз тирезаи ошёнаи сеюми ШВКД-и маҳаллӣ худро ба замин партофтааст, ки дар натиҷа пойҳояш осеб дидаанд. Ба гуфтаи ҳимоятгар, ба ин амал Тоҷиевро шиканҷаи истифодакардаи кормандони гурӯҳи тафтишотӣ водоштааст.

Хешовандонаш мегӯянд, ки ба бадани Умедҷон Тоҷиев нерӯи барқ пайваст карда, бо мақсади боқӣ намондани доғҳои шиканҷа, кормандони ШВКД ҷараёни барқро тавассути латтаи таркардае гузаронидаанд, ки ба дастони ӯ печонидаанд. Ба қавли хешовандон, усули дигари шиканҷа пӯшонидани халтаи селофанӣ ба сари Тоҷиев ҷиҳати маҳдудсозии ҳавои нафасгирӣ будааст. Ба ҷуз ин, ӯро латукӯб карда, барои намондани доғи зарбаҳо, ба пӯсти баданаш болопӯши чармиро гузоштаанд.

Тоҷиев пас аз ин қазия дар шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ҷойгир карда шуда, сипас дар нимаи моҳи ноябр ба тавқифгоҳи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд интиқол ёфтааст.

Ба гуфтаи ҳимоятгар, сарфи назар аз он, ки Умедҷон Тоҷиев ҳанӯз ҳам ба табобат ниёз дошт, ӯро саривақт ба муассисаи тиббӣ нагузаронидаанд. Ӯ ба беморхонаи назди тавқифгоҳи тафтишотии №2-и шаҳри Хуҷанд якчанд рӯз пеш аз фавташ интиқол дода шуд.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал меорад:

– тафтишоти фаврию дақиқ ва мустақилу беғаразонаи далели марги Умедҷон Тоҷиев ва эҳтимоли истифодаи шиканҷа нисбат ба ӯ дар ШВКД-и шаҳри Исфара гузаронида шавад;

– ҷавобгарии шахсони масъул дар назди қонун кафолат дода шавад;

– хешовандони марҳум ва тамоми ҷомеа оид ба ҷараён ва натиҷаи тафтишот мунтазам воқиф карда шаванд.

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки дар чанд соли охир ин нахустин ҳодисаи марг бар асари истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон нест. Аз ҷумла, мо ба ҳодисаҳои зерин мутаваҷҷеҳ мешавем:


Сафаралӣ Сангов

 рӯзи 5-уми марти соли 2011 дар синни 37-солагӣ дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ баъди интиқол аз ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳолати беҳушӣ ва бо ҷароҳатҳои зиёди ҷисмонӣ аз олам даргузашт.


Баҳромиддин Шодиев

 рӯзи 30-юми сентябри соли 2011 дар синни 28-солагӣ дар шуъбаи эҳёгарии Маркази миллии тиббӣ пас аз интиқол аз ШКД-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо мавриди шиканҷа қарор гирифтааст, ба ҳалокат расид.


Дилшодбек Муродов

 моҳи августи соли 2009 дар синни 34-солагӣ дар муассисаи ислоҳии №3/1-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ эҳтимолан дар натиҷаи шиканҷа фавтид.


Исмоил Бачаҷонов

 моҳи январи соли 2011 дар синни 32-солагӣ дар тавқифгоҳи тафтишотии №1-и шаҳри Душанбе бар асари истифодаи шиканҷа ба ҳалокат расид.


Исмонбой Бобоев

 моҳи феврали соли 2011 дар синни 30-солагӣ зимни бозпурсӣ дар Раёсати митақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд бар асари шиканҷа фавтид.


Хуршед Бобокалонов

 моҳи июни соли 2009 дар синни 33-солагӣ пас аз боздошти кормандони ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар роҳ ба сӯйи шуъбаи мазкур фавтид.


Ҳамзаалӣ Икромзода

 рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар синни 27-солагӣ дар муассисаи ислоҳии ЯС №3/1-и шаҳри Душанбе барои ҷинояти қаблан содиркардааш адои ҷазо мекард, аз олам даргузашт.

Мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин бояд тафтишоти муассири тамоми далелҳои марг дар тавқифгоҳҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятиро аз рӯйи далелҳои фавти Бобоев И., Муродов Д., Бобокалонов Х. гузаронанд. Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон вобаста ба тафтишоти тӯлонӣ ва бенатиҷаи ин далелҳо изҳори нигаронӣ мекунад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.