Ҳудуди 100 нафар мусофирон, ки имрӯз аз Душанбе ба Бишкек омадаву ба Душанбе баргаштанӣ буданд, дар фурудгоҳи «Манас»-и шаҳри Бишкек бозмонданд.
Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Олим Раҳимов тариқи телефон ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон як нофаҳмие сари масъалаи фаннӣ, ки дар фурудгоҳи «Манас»-и Бишкек мусофирони тоҷик ба он дучор шуданд, танзим шуд.
Ба гуфтаи ӯ, мусофирони ба Бишкек омада аллакай тамоми расмиётро ба анҷом расонида, аз фурудгоҳ берун омадаанд ва ҳамчунин саворшавӣ ба хатсайри Душанбе ба итмом расидааст.
Номбурда изҳор кард, ки ҳеҷ гуна манъи вуруд ё хурӯҷи шаҳрвандони Тоҷикистон ба Бишкек мавҷуд нест. «Вазъ таҳти назорат буда, ин танҳо як нофаҳмие сари масъалаи фаннӣ буду халос», – иброз дошт сафир.
Бино ба иттилои чанде аз ВАО, ҳудуди 40 нафар мусофирон аз Тоҷикистон, ки имрӯз ба Бишкек омда буданд, дар минтақаи буферии фурудгоҳи «Манас» нигоҳ дошта шуда, ба саривақт гирифтани иҷозатномаи вуруд ба Қирғизистон имкон надоштанд. Ҳамчунин ҳудуди 40 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон парвоз аз Бишкекро интизорӣ доштанд.



