Анвар Юнусов: Фурсати қулай даст дод, то аз боксчии таиландӣ интиқом бигирам

Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки дар давраи чаҳорякниҳоии мусобиқоти боксчиён дар вазни 51 кг ҳарифи боксчии тоҷик муайян шудааст. «Боксчии мо – Анвар Юнусов 20-уми август дар давраи чаҳорякниҳоӣ бо варзишгари Таиланд Чон Сом Гит қувваозмоӣ хоҳад кард, – […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 18-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони риштаи варзиши ҷумҳурӣ Нарзулло Латифов аз Пекин тариқи телефон хабар дод, ки дар давраи чаҳорякниҳоии мусобиқоти боксчиён дар вазни


51 кг

ҳарифи боксчии тоҷик муайян шудааст.




«Боксчии мо – Анвар Юнусов 20-уми август дар давраи чаҳорякниҳоӣ бо варзишгари Таиланд Чон Сом Гит қувваозмоӣ хоҳад кард, – гуфт ӯ. – Боксчии таиландӣ дар мусобиқоти гуногун ду маротиба бар А.Юнусов дастболо шудааст».



Ба қавли Н.Латифов, зимни сӯҳбат А.Юнусов иброз доштааст, ки акнун фурсати қулай даст додааст, то ӯ интиқоми худро аз боксчии таиландӣ бигирад.



Ёдрас мекунем, ки боксчии дигари Тоҷик Ҷаҳон Қурбонов, ки ӯ низ ба мусобиқоти чаҳорякфиналӣ роҳ ёфтааст, рӯзи 19-уми август бо боксчии қазоқ Веркебулат Шиналиев қувваозмоӣ хоҳад кард.





Дар Бозиҳои Олимпии Пекин айни замон Тоҷикистон дар мақоми 63-уми ҷой гирифтааст.




Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.