Вакили парлумони Қирғизистон аз фраксияи Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Ирина Карамушкина дар ҷаласаи кумита оид ба мудофиа ва амнияти парлумон пешниҳод кардааст, ки бинобар сабаби афзудани муноқишаҳо, ҳарими ҳавойии Қирғизистон барои Тоҷикистон баста шавад.
Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки сохтмони роҳи баҳснок дар вилояти Ботканд мутаваққиф шуда, сокинони маҳаллӣ дархост кардаанд, ки марз ба ҳеҷ ваҷҳ кушода нашавад. «Танҳо бо шарти ҳалли пурраи мушкилоти марзӣ, онҳо омодаанд, ки сабр кунанд», – гуфтааст вакил.
Ёдрас мекунем, ки 11-уми январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон миёни марзбонони ҳарду давлат муноқишаи мусаллаҳона ба вукӯъ пайваст. Пас аз ин Қирғизистон якҷониба ҳамаи гузаргоҳҳои марзиаш бо Тоҷикистонро баст.



