Нигаронии РВКД Хатлон аз болоравии ҷинояткорӣ миёни ноболиғону ҷавонон

Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро болоравии сатҳи ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон ба ташвиш гузоштааст. Чуноне муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров изҳор дошт, соли 2013 дар қаламрави вилоят 185 ҳолати даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавонон ва сарбозони қисми ҳарбии мустақар дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли […]

Сайраҳмон Назриев



Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлонро болоравии сатҳи ҷиноят миёни ноболиғону ҷавонон ба ташвиш гузоштааст.

Чуноне муовини сардори РВКД дар вилояти Хатлон Толиб Назаров изҳор дошт, соли 2013 дар қаламрави вилоят 185 ҳолати даст ба ҷиноят задани ноболиғону ҷавонон ва сарбозони қисми ҳарбии мустақар дар қаламрави вилоят ба қайд гирифта шудааст, ки дар қиёс бо соли 2012 90 ҳолат зиёд мебошад.

«Ин  ҳолат моро ба ташвиш гузоштааст ва баҳри пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва сарбозони қисмҳои ҳарбӣ аз ҳисоби намояндагони РВКД, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, мақомоти прокуратура ва гарнизони ҳарбии Қӯрғонтеппа гуруҳи кории муштарак ташкил намудем», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, аз ҷониби ин гурӯҳ дар мактабҳои миёна, донишгоҳҳо, омӯзишгоҳҳо ва қисмҳои  ҳарбӣ вохӯрию суҳбатҳо гузаронида мешаванд, ки ҳадаф аз онҳо пешгирии ба ҷинояткорӣ рӯ овардани ноболиғону ҷавонон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро Амрико аз пазириши ҳамла ба мактаби Миноб “сар мепечад” ва паёмади он чист?

Коршиносон мегӯянд, пазируфтани ин ҷиноят барои Амрико пардохти товону узрхоҳии расмиро талаб мекунад.

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер