Содироти зиёда аз 5 млн. тон маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд

Вилояти Суғд тайи соли сипаришуда зиёда аз 5 млн. тон маҳсулоти кишоварзиро ба бозори ҷаҳон баровардааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуоти вилояти иттилоъ доданд. Тавре зикр гардид, давоми соли 2013 маҳсулоти кишоварзии Суғд талаботи хеле зиёд дошт ва ҷониби харидорони маҳсулот, хусусан, харидорони хориҷӣ ба сифати маҳсулоти содиршаванда баҳои баланд додаанд. […]

Суман Шаҳзода


Вилояти Суғд тайи соли сипаришуда зиёда аз 5 млн. тон маҳсулоти кишоварзиро ба бозори ҷаҳон баровардааст. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуоти вилояти иттилоъ доданд.

Тавре зикр гардид, давоми соли 2013 маҳсулоти кишоварзии Суғд талаботи хеле зиёд дошт ва ҷониби харидорони маҳсулот, хусусан, харидорони хориҷӣ ба сифати маҳсулоти содиршаванда баҳои баланд додаанд.

«Шарикони асосии тиҷоратии Суғд кишварҳое чун Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Ироқ мебошанд. 120 тон маҳсулоти кишоварзии вилоят дар ярмарка-намоиши Сочии Федератсияи Россия ба намоиш гузошта шуда буд. 68 тон меваи хушк ба давлати арабии Ироқ содир гардид. Тарбуз, ангур, харбузаи вилоят аз ҷониби харидорони хориҷӣ талаботи зиёд доранд», – илова кард манбаъ.

ҚҚайд гардид, ки дар соли 2014 вилояти Суғд ҳамкориҳоро бо кишварҳои Қувейт ва Қатар низ ба роҳ монданист.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.