Раиси Ёвон: Бозори марказӣ фаъолияташро қатъ накардааст

– Маълумоти баъзе ВАО дар бораи он, ки бар асари меъёри хеле баланди андозбандӣ аксари фурӯшандагони бозори марказии ноҳияи Ёвон корро қатъ кардаанд ва дар ин робита аз ҳукумат расидагӣ ба ҳалли масъаларо дархост намудаанд, асоси воқеӣ надорад, – изҳор намуд дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев. Ба гуфтаи ӯ, […]

ASIA-Plus



– Маълумоти баъзе ВАО дар бораи он, ки бар асари меъёри хеле баланди андозбандӣ аксари фурӯшандагони бозори марказии ноҳияи Ёвон корро қатъ кардаанд ва дар ин робита аз ҳукумат расидагӣ ба ҳалли масъаларо дархост намудаанд, асоси воқеӣ надорад, – изҳор намуд дар суҳбати телефонӣ ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Ёвон Амирбек Маҳмадалиев.

Ба гуфтаи ӯ, воқеъан ҳам аз охири ҳафтаи сипаришуда кормандони мақомоти андози вилоят ва ноҳия оид ба ошкор кардани қонуншиканиҳо дар бахши андоз дар қаламрави ноҳия рейдҳо баргузор намуданд.

«Миёни қисмати начандон зиёди фурӯшандагони бозори марказии ноҳия далелҳои рӯйпӯш сохтани даромадҳо аз андоз ва ба таъхир гузоштани муҳлати пардохти андозҳо ошкор гардиданд, ки барои ин амал онҳо ҷаримабандӣ шуданд», – зикр кард раиси ноҳия.

А.Маҳмадалиев мегӯяд, пас аз ин 10-12 нафар фурӯшандагони норозии бозор тариқи ВАО дар бораи бар асари меъёрҳои хеле баланди андозбандӣ баста шудани бозор маълумоти бардурӯғ паҳн кардаанд.

«Имрӯз ман ва намояндагони мақомоти андози ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия фурӯшандагони норозии бозорро ба ҳузур пазируфта, муддати ду соат ба онҳо моҳияти қонуншиканиашон дар бахши пардохти андозро шарҳ додем. Бо назардошти далелҳои мо, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои қаблан таъиншуда розӣ шуда, ба савдои худ дар бозор идома медиҳанд», – афзуд раиси ноҳия.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл раиси ноҳияи Ёвон изҳор дошта буд, ки шуруъ аз соли 2014 баъди мавриди истифода қарор гирифтани корхонаҳои азими сементбарории ҶДММ «Хуаксин Ғаюр Семент»дар ноҳияи Ёвон, ноҳияи  комилан аз

кумаки (дотатсия)-и буҷети

ҷумҳурӣ даст мекашад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.