Дар намоишгоҳи Душанбе як қатор ширкатҳои Русия ҷойҳои кории холӣ пешниҳод месозанд

Date:





Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Пагоҳ дар боғи истироҳати назди кӯли «Комсомол»-и пойтахт намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ доир мегардад.






Муовини директори агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати назди Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Душанбе Сафаралӣ Ҳакимов ба мухбири ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки дар намоишгоҳ беш аз 30 субъекти хоҷагидорӣ ва корхонаву муассисоти шаҳр иштирок хоҳанд кард. Ҳамчунин хоҳишмандон метавонанд ба курсҳои омӯзиши касб ва баланд бардоштани тахассуси касбӣ худро номнавис кунанд.




 

«Дар намоишгоҳ як қатор ширкатҳои Русия ширкат меварзанд, ки ба қувваи корӣ ниёз доранд ва ҷойҳои кории холӣ пешниҳод месозанд», – изҳор дошт С.Ҳакимов. Барои хоҳишмандон иштирокдорони намоишгоҳ дар пойтахт ё минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ҷойҳои кории холӣ пешниҳод хоҳанд кард.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...