Шаҳрванди Афғонистон ва донишҷӯи тоҷик ба гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд

Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон Ҳабибулло валади Ҳусейнро боздошт намуданд, ки зимни кофтуков аз ӯ ҳудуди 7 кило маводи сахттаъсир   ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд. Нисбат ба даст доштан дар […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Дар шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Афғонистон Ҳабибулло валади Ҳусейнро боздошт намуданд, ки зимни кофтуков аз ӯ ҳудуди 7 кило маводи сахттаъсир

 

ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд.




Нисбат ба даст доштан дар ин ҳодиса шаҳрванди Тоҷикистон, донишҷӯи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон низ боздошт шудааст. Феълан гурӯҳи тафтишотӣ аз пайи муайян кардани шахсони дигари дастдошта дар ин ҷиноят машғул аст.



Бино ба иттилои манбаъ, нисбат ба ин далел тибқи моддаи 200-и Кодекси ҷиноии ҶТ (гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ё психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.




Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.