Суғд: Оғози фаъолияти радиои «Салом» дар Чкалов

Дар шаҳри Чкалов радиои маҳаллӣ бо номи «Салом» расман ба фаъолият шурӯъ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи  радио раиси шаҳри Чкалов  Рухсора Каримхоҷаева ширкат варзида изҳори умед кардааст, ки акнун шаҳрвандон аз тариқи ин расонаи хабарӣ  аз вазъи сиёсиву иҷтимоии шаҳр маълумоти бештар дастрас хоҳанд кард. Гуфта мешавад, […]

Мавлуда Рафиева



Дар шаҳри Чкалов радиои маҳаллӣ бо номи «Салом» расман ба фаъолият шурӯъ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи  радио раиси шаҳри Чкалов  Рухсора Каримхоҷаева ширкат варзида изҳори умед кардааст, ки акнун шаҳрвандон аз тариқи ин расонаи хабарӣ  аз вазъи сиёсиву иҷтимоии шаҳр маълумоти бештар дастрас хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, радиои «Салом» шабакаи хусусӣ буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов таъсис ёфтааст ва  ҳамарӯза то 10 соат барномаҳояшро зери мавҷи  93,3 FM пахш менамояд. 

Қобили зикр аст, ки айни замон дар қаламрави  вилояти Суғд 10 шабакаҳои радиоӣ,  аз ҷумла 9 шабакаи радиои ғайриҳукуматӣ фаъолият доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат