Рӯзи 4-уми феврали соли равон вохӯрии вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобоев бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорат, дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав оид ба саноати хӯрокворӣ, саноати маъдани куҳӣ, коркарди ашёи хоми чорво-пӯст, коркарди истеҳсоли пилла мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо инчунин ба паҳлӯҳои дигари ҳамкориҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд ва иброз доштанд, ки ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун мавриди омӯзиши тарафҳо қарор хоҳад гирифт.
Ҳамчунин ҳамин рӯз мулоқоти Шавкат Бобоев бо сафири Белорус дар Тоҷикистон Олга Гаврук доир гардида, дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо лоиҳаи роҳандозии истеҳсоли тракторҳои Белорус дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд, ки таъсиси чунин корхона дар вилояти Хатлон дар назар аст.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо ҳамчунин имкони густариши ҳамкориҳо дар бахши истеҳсоли таҷҳизоти электротехникӣ ва масъалаи ҷалби сармоягузорӣ аз ҷониби Белорус ба иқтисоди Тоҷикистонро низ баррасӣ намуда, зикр карданд, ки рушди ҳамкориҳои дуҷониба ба манфиати ҳарду кишвар аст.



