Эҳтимоли ҳукми ҳабси абад ба шаҳрванди тоҷик дар Русия

Шаҳрванди Тоҷикистон ба кӯшиши фурӯши миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовар дар Русия гумонбар дониста мешавад. Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти прокуратураи Русия дар вилояти Брянск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон Боқӣ Алиқуловро ба он гумонбар медонанд, ки ӯ зимни иқомат дар ноҳияи Фокини шаҳри Брянск 4 кило маводи мухаддири сахттаъсири герроинро барои фурӯш омода кардааст, ки […]

ASIA-Plus



Шаҳрванди Тоҷикистон ба кӯшиши фурӯши миқдори ниҳоят зиёди маводи нашъаовар дар Русия гумонбар дониста мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии мақомоти прокуратураи Русия дар вилояти Брянск, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон Боқӣ Алиқуловро ба он гумонбар медонанд, ки ӯ зимни иқомат дар ноҳияи Фокини шаҳри Брянск 4 кило маводи мухаддири сахттаъсири герроинро барои фурӯш омода кардааст, ки ин миқдор ниҳоят зиёд арзёбӣ мешавад.

Мутобиқи моддаи 228.1, қ. 5-и Кодекси ҷиноии Русия (Истеҳсоли ғайриқонунӣ, фурӯш ё интиқоли маводи нашъаовар дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) барои содир кардани чунин ҷиноят аз ҷумла муҷозоти ҳабси абад низ пешбинӣ шудааст.

Мувофиқи хулосаи прокурор, нисбати Алиқулов чораи пешгирии таҳти ҳабс қарор доштан таъин шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи декабри соли 2012 Хадамоти давлатии назорати маводи нашъаовари Русия дар бораи

боздошти гӯё наркобарони бузурги тоҷик

Атобек Гулмамадов дар Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) хабар дод, ки яке аз роҳбарони гурӯҳи бузурги байнулмилалии қочоқбарони нашъа ба шумор меравад.

Аввали моҳи феврали соли 2013 Гулмамадов ба Русия истирдод шуда, аввали моҳи март бошад, яке аз шабакаҳои муваффақи телевизионии Русия Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро ба он

гунаҳкор кард

, ки ба Аморати Муттаҳидаи Араб ҷиҳати ба Русия истирдод накардани кочоқбари маводи мухаддир Атобек Гулмамадов нота фиристодааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова