– Ба ҷуз сохтмони нерӯгоҳи Роғун, Тоҷикистон аз имконоти дигари расидан ба истиқолияти энергетикӣ низ бархӯрдор аст, – чунин мешуморад раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим.
Зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта дар ин робита ӯ қайд кард, ки дар ин самт корҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқии «Нуробод-1» ва «Нуробод-2», «Шӯрообод», «Дашти Ҷум», «Санобод» ва «Себзор» дар Бадахшон идома доранд.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 6% аз имконоти электроэнергетикии кишварро истифода мекунад, ки солона 530 млрд. кВт/соатро ташкил медиҳад.
Қодиои Қосим таъкид намуд, ки аксари сармогузорон ба бахши энергетикии Тоҷикистон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.
Дар робита ба нерӯгоҳи «Роғун» номбурда зикр кард, ки идомаи сохтмон ва анҷоми он танҳо баъди дастрас гардидани арзёбии лоиҳа аз ҷониби коршиносони байнулмилалӣ амалӣ мегардад.



