Муовини раиси ҲСДТ: Хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати ИДМ амри табиист

Date:


Душанбе. 13-уми август. ОИ «Азия-Плюс» – Муовини раиси Ҳизби Сотсиал-Демократии Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бо хориҷ шудани Гурҷистон аз ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) раванди пароканда гардидани ин иттиҳод шурӯъ мешавад.




Ба қавли ӯ, қарори ҳукуматдорони гурҷӣ амри табиӣ аст. «Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит сохтааст, ки ду ҷониби разманда дар як иттиҳод буда наметавонанд, вале бо хориҷ шудани Гурҷистон мушкилоти дохилии иттиҳод на танҳо ҳал намешаванд, балки баръало зоҳир мегарданд», – гуфт ӯ. Мавуф мегӯяд, ки дар қаламрави ИДМ оид ба ин ё он масъала ихтилофи назарҳои зиёде ҷой доранд.



«Қобили зикр аст, ки омилҳои иҷтимоии мавҷудияти иттиҳод хеле заифанд», – қайд кард Ш.Ҳакимов. Коршинос таъкид сохт, ки кишварҳо ба узвият дар ин ё он созмон бояд аз нуқтаи назари манфиатҳои миллӣ муносибат намоянд.



«Ҳангоме ки аз вазъи бӯҳронӣ ҷаҳониён изҳори нигаронӣ намуданд, мақомоти роҳбарии ИДМ зарур нашуморид, ки ҷаласаи таъҷилӣ даъват созад, то ба ҳалли мушкилоти минтақа мусоидат кунад, – зикр кард ӯ. – Пас ИДМ барои чӣ лозим аст?». Мавсуф баён дошт, ки Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи таъҷилӣ доир намуда, масъалаи вазъи Осетияи Ҷанубиро дар сатҳи байнулмилалӣ мавриди ҳаллу фасл қарор дод. «Аз ин рӯ, ман бар ин назарам, ки зуд ё дертар давлатҳои Украина, Молдова ва Озарбойҷон низ хоҳиши аз ҳайати ИДМ хориҷ шуданро хоҳанд кард», – гуфт дар анҷом Ш.Ҳакимов.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод

Додситони кулли Тоҷикистон тасдиқ кард, ки барканории Абдуқаҳҳор Азизов...