Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Аз 7 то 22 феврал дар осоишгоҳи «Баҳористон» (Қайроққум) бо иштироки дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистону Қазоқистон мусобиқаи футбол доир мегардад; – 8 феврал дар толори конфронси дафтари кории ҲНИТ (хиёбони Борбад, 1) дар мавзӯи «Шиканҷа дар Тоҷикистон» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00; – 8 феврал дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ […]

ASIA-Plus



Анонс


– Аз 7 то 22 феврал

дар осоишгоҳи «Баҳористон» (Қайроққум) бо иштироки дастаҳои футболи лигаи олии Тоҷикистону Қазоқистон мусобиқаи футбол доир мегардад;


– 8 феврал

дар толори конфронси дафтари кории ҲНИТ (хиёбони Борбад, 1) дар мавзӯи «Шиканҷа дар Тоҷикистон» мизи гирд баргузор мешавад. Оғоз соати 10:00;


– 8 феврал

дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ оид ба масоили шиканҷа ва зӯроварӣ дар оила вохӯрӣ барпо мешавад, ки дар он Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи президент, мақомоти суд, прокуратура, КДАМ ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ширкат меварзанд. Оғоз соати 09:00;


– 9 феврал

дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ спектакли мусиқии «Морозко» намоиш дода мешавад. Нархи билет – 5 сомонӣ. Оғоз соати 16:00.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.8012

сомонӣ;


1

евро

– 6.4833

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1386

сомонӣ.  



Як рӯзи таърих


8 феврал


1942

— Дар Сталинобод навбати аввали корхонаи сементбарорӣ ба истифода дода шуд.


2002

— Дар Душанбе нахустин пойгоҳи электронӣ-рақамии алоқаи телефонӣ мавриди истифода қарор гирифт.


2010

— Дар Маскав собиқ муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Вера Шестак аз олам даргузашт.


2013

— Дар Маскав Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи тартиби будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия ба имзо расид.


2013

— Дар Истамбул расман Консулгарии генералии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.


2001

– Даргузашти сароянда Муборакшо Мирзошоев. Сарояндаи маъруф бар асари бемории сили дуҷонибаи роҳҳои нафас ба ҳалокат расида, сабти албоми сурудҳои ретрои дӯстонро ба анҷом расонида натавонист.


1928

– Зодрӯзи шоир Акобир Шарифӣ.


1939

– Мавлуди олими бахши арабшиносӣ Матин Ҳусейнзода, писари филологи маъруф, профессор Шарифҷон Ҳусейнзода. Солҳои зиёд Матин Шарифович ба кафедраи филологияи араби Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сарварӣ мекард.


1947

– Зодрӯзи ҳунарманди балет, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Хосият Боева.


1969

– Мавлуди қаҳрамони 13-каратаи Тоҷикистон Шералӣ Ҳикматов.


1975

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Рустам Бердиев.  


9 феврал


1990 —

Дар Душанбе аввалин овозаҳо дар бораи вуруди гурезаҳои арманӣ ба Тоҷикистон пахн шуданд. Маҳз ин овозаҳо сабабгори асосии фоҷеаи баҳманмоҳ шуданд.


2004

– Дар Санкт-Петербург шаҳрванди Тоҷикистон Юсуф Султонов бо духтар ва ҷиянаш мавриди латукӯби бераҳмона қарор гирифт. Хуршеда Султоноваи 9-сола аз ҷароҳатҳои зиёд ба ҳалокат расид.


2008

— Қарори ҳукумати ҶТ дар бораи маҳдудияти воридоти автомобил бо чанбараки тарафи рост мавриди амал қарор гирифт.


1921

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Нормат Каримов.


1927

– Мавлуди нависанда Нӯъмон Розиқ.


1954

– Зодрӯзи ҳунарманди шоистаи балет Валерий Алибоев.


1959

— Мавлуди вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбонов.


1875

– Зодрӯзи шоир Бобоюнус Худойдодзода.



Вазъи обуҳаво


Обуҳавои р


ӯ


зи 8-уми феврали соли 2014


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -11-16, рӯзона -1-6, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -1-6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -13-18, рӯзона -7-12.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, баъзан туман.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -2-7;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -10-15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.   

Ҳарорат: шабона -13-15, рӯзона 0-2.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас, туман. 

Ҳарорат: шабона -10-12, рӯзона -4-6.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -3-5.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.    

Ҳарорат: шабона -11-13, рӯзона -3-5.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -7-9, рӯзона -2-4.


Обуҳавои р


ӯ


зҳои 9-10-уми феврали соли 2014


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, баъзан туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -7-12, рӯзона 0-5, дар доманакӯҳҳо шабона -10-15, рӯзона -1-6.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот, туман.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -13-18, рӯзона -4-9, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -6-11.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, туман.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона -8-10, рӯзона -2+3, дар доманакӯҳҳо шабона -14-19, рӯзона -3-8.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона -8-13, рӯзона -1-6;  дар шарқи вилоят шабона -18-23, рӯзона -9-14.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -1+1.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -3-5.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -9-11, рӯзона -1-3.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.    

Ҳарорат: шабона -8-10, рӯзона -2-4.  


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона -6-8, рӯзона -1-3.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.