Ҳайати нави Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» интихоб шуд

Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сараввал маҷлисро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро барои ташрифи аҳлона арзи сипос намуд. Дар ҷамъомад як масъала – Интихоби аъзои Шӯрои […]

Пайрав Чоршанбиев



Ахири ҳафтаи гузашта дар маҷлисгоҳи бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон Маҷлиси умумии ғайринавбатии саҳмдорони ҶСК «НБО Роғун» баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, сараввал маҷлисро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳозиринро барои ташрифи аҳлона арзи сипос намуд. Дар ҷамъомад як масъала – Интихоби аъзои Шӯрои нозирони ҶСК «НБО Роғун» мавриди баррасӣ қарор ёфт. Туфайли овоздиҳии кушода шумораи аъзои Шӯро 13 нафарро дар бар гирифт. Ба овоздиҳии кумулятивӣ Қоҳир Расулзода, Саидов Давлаталӣ Шомаҳмадович, Азим Иброҳим, Қурбонов Абдусалом Каримович, Шариф Раҳимзода, Менглиев Рустам Шомуродович, Усмонов Усмоналӣ Юнусалиевич, Қодири Қосим, Комилов Абдувалӣ Ҳакимович, Сафаров Хайрулло Амиралиевич, Ахмедов Ҷамшед Ҷалолович, Юсупов Қурбоналӣ Қувватович ва Неъматов Муқим Мамадҷонович аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб шуданд.

Ёдовар бояд шуд, ки мутобиқи моддаи 45, банди 1 сархати 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъияти саҳомӣ» ваколатҳои аъзои Шӯрои нозирони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун», ки 15 июни соли 2013 дар Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» интихоб гардида буданд, пеш аз муҳлат қатъ карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.