Пешгӯии БҶ оид ба афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи 6% дар 3 соли минбаъда

Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ноиби президенти Бонкӣ ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Так изҳор намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар се соли минбаъдаро дар сатҳи на камтар аз 6% пешгӯӣ мекунад. «Шояд иқтисод ба мисли солҳои пешин начандон фаъол хоҳад буд ва мебояд ислоҳоти оғозшударо идома дод, вале […]

Заррина Эргашева



Зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе ноиби президенти Бонкӣ ҷаҳонӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Лора Так изҳор намуд, ки Бонки ҷаҳонӣ афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар се соли минбаъдаро дар сатҳи на камтар аз 6% пешгӯӣ мекунад.

«Шояд иқтисод ба мисли солҳои пешин начандон фаъол хоҳад буд ва мебояд ислоҳоти оғозшударо идома дод, вале мо рушди иқтисоди кишварро мусбат арзёбӣ мекунем», – иброз дошт намояндаи БҶ.

Бино ба маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, ҳиссаи аҳолии дар ҳоли фақри шадид зиндагидошта (яъне 2,5$ ва аз ин ҳам камтар дар як рӯз) дар Тоҷикистон аз 84%-и соли 2001 то ба 28% дар соли 2012 коҳиш ёфт.

«Давоми солҳои 2005-2010 ҳаҷми даромади 40%-и аҳолии камбизоаттарин афзуд. Дар кишвар пайдо шудани синфи миёна ба қайд гирифта шуд, ки ҳамаи ин дастовардҳои муҳим мебошад, вале натиҷаҳои таҳқиқоти ахири бонк нишон доданд, ки ба синфи миёна дар Тоҷикистон хатари бозгашт ба қашшоқӣ таҳдид мекунад», – гуфт хонум Лора Так.

Ба гуфтаи Лора Так, солҳои 90-уми асри гузашта Тоҷикистон коргарони саоҳибтахассуси зиёдеро аз даст дода, сарфи назар аз пешравии ноилгардида, коршиносони БҶ бар ин назаранд, ки Тоҷикистон бояд қувваи кории соҳибтаҷрибаро барқарор намояд.

«Замоне, ки БҶ бо Тоҷикистон солҳои 90-уми асри гузашта ҳамкориро оғоз намуд, кишвар дар давраи варшигастагии иқтисод ва сармояи инсонӣ қарор дошт ва танҳо соли 20012 ба сатҳи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 1991 ноил гардид. Аз он вақт ҳаҷми иқтисоди кишвар бо суръати миёнаи 8% дар як сол ҳафт маротиба афзуд, ки дастоварди хеле назаррас аст», – афзуд намояндаи Бонки ҷаҳонӣ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.