Баррасии имкони кумак ба ҶТ дар мулоқоти вазири кишоварзӣ бо намояндаи ИА

Санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ зимни вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосими Роҳбар бо директори намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Дирк Меганк масоили ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба расонидани кумак ба Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди […]

ASIA-Plus



Санаи 11-уми феврали соли ҷорӣ зимни вохӯрии вазири кишоварзии ҶТ Қосими Роҳбар бо директори намояндагии Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ ҷаноби Дирк Меганк масоили ҳамкориҳо дар рушди соҳаи кишоварзӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ, дар вохӯрии мазкур масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба оид ба расонидани кумак ба Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 2014-2020 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба иттилои манбаъ, зимни суханрони вазири кишоварзӣ Қ.Роҳбар аз ҳамкориҳои дуҷониба ба намояндагии Иттиҳоди Аврупо изҳори қаноатмандӣ намуда қайд кард, ки саҳми Иттиҳоди Аврупо баҳри рушди соҳаи кишоварзии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва таъмини амнияти озуқавории кишвар назаррас мебошад.

Ҳамзамон зикр гардид, ки дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба бо намояндагии Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла дар самти татбиқи барномаи  рушди деҳот, обёрикунии заминҳои кишоварзӣ, касбомӯзии мутахассисони соҳа ва диверсификатсияи истеҳсолоти кишоварзӣ як қатор корҳои амалӣ ба  анҷом расонида шуд.

Дар ин раванд қайд карда шуд,  ки дар оянда низ баҳри дар амал татбиқ намудани “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ҳамкориҳои дуҷонибаи самарабахш ба анҷом расонида мешавад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.