Додгоҳи Олӣ баҳси Кабирро бо шаҳрдорӣ бидуни баррасӣ монд

Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор баровард, ки баҳси шаҳрдорӣ вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бебаррасӣ монда шавад. Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Бузурмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, хабар дод. «Мутобиқи қарори пленуми Додгоҳи Олӣ, ягон додгоҳ ҳуқуқ надорад, шаҳрванд ё ташкилотро барои узрпурсӣ аз ҳукумат ё давлат маҷбур […]

Мавзуна Абдуллоева


Додгоҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор баровард, ки баҳси шаҳрдорӣ вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бебаррасӣ монда шавад.

Дар ин бора ба Хабаргузории «Азия-Плюс» Бузурмеҳр Ёров, вакили мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, хабар дод. «Мутобиқи қарори пленуми Додгоҳи Олӣ, ягон додгоҳ ҳуқуқ надорад, шаҳрванд ё ташкилотро барои узрпурсӣ аз ҳукумат ё давлат маҷбур созад. Ҳамин андешаро мо низ дар арзаи шикоятии худ оиди қарори додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва кассатсионии суди шаҳри Душанбе оварда будем», – афзуд Ёров.

Ӯ муътақид аст, ки агар ҳатто Додгоҳи Олӣ ин даъвои шаҳрдориро нисбати Муҳиддин Кабирӣ баррасӣ мекард, ҳатман ҷониби ҷавобгар дар он ғолиб меомад.

«Чун Муҳиддин Кабирӣ миёни мардум обру ва эътибор дорад, Додгоҳи Олӣ ин баҳсро баррасӣ накард. Аммо дар ҳар сурат ин баҳс муддати тулонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт, дар ҳоле, ки Додгоҳи Олӣ қарори додгоҳҳои поёниро бояд бе ягон шакку шубҳа бекор мекард ё ҳадди ақал ягон раддия пешниҳод мекард», – гуфт Ёров.

Ёдовар мешавем, додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 30-юми январи соли 2013 бар асоси шикояти шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев Кабириро муваззаф кард, ки тавассути матбуот аз шаҳрдорӣ узр бипурсад. Дар ин маврид Муҳиддин Кабирӣ гуфта буд, ки узур намепурсад ва нияти узурпурсӣ ҳам надорад.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.