Хешовандони маҳбус ба Прокуратураи генералӣ аз Раҳматилло Зойиров шикоят мебаранд

Барои паҳн кардани хабари бардуруғ оид ба марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи яке аз маҳбасҳои пойтахт хешовандони маҳбус аз Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ шикоят мебаранд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” бародари маҳбус Сафарали Саидов хабар дод. Ӯ дар суҳбат гуфт, хабари марги бародарашро тавассути ВАО фаҳмид. “Мо дар ташвиш монда, дар ҳамин ҳавои […]

Мавзуна Абдуллоева


Барои паҳн кардани хабари бардуруғ оид ба марги Маҳмадраҳим Саидов дар ҷаримагоҳи яке аз маҳбасҳои пойтахт хешовандони маҳбус аз Раҳматилло Зойиров ба Прокуратураи генералӣ шикоят мебаранд. Дар ин бора ба Хабаргузории “Азия-Плюс” бародари маҳбус Сафарали Саидов хабар дод.

Ӯ дар суҳбат гуфт, хабари марги бародарашро тавассути ВАО фаҳмид. “Мо дар ташвиш монда, дар ҳамин ҳавои хунук аз ноҳияи Ҳамадонӣ ба маҳбас омадем, то шахсан аз саломатии Маҳмадраҳим огоҳ шавем”, – мегуяд ӯ.

Ба гуфтаи Сафарали Саидов ва духтари маҳбус Нилуфар Саидова саломатии Маҳмадраҳим Саидов хуб буда, дар ӯ осоре аз шиканҷа дида намешавад.

Ёдовар мешвем, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров чанде пеш дар бораи марги маҳбус Маҳмадраҳим Саидов

иттилоъ дода буд

. Аммо корманди дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Ҳусниддин Нидоев аз тавқифгоҳи мувақкатии №9/1 ва муассисаи ислоҳии ЯС 3/1-и пойтахт боздид намуда, шахсан эътимод ҳосил кард, ки дар он ҷо ҳеҷ касе аз сардӣ

ҳалок нашудааст

https://www.youtube.com/watch?v=v9tPEY013yw

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.