Президент нерӯгоҳи Роғунро аз пардохти андозҳо озод кард

Раиси ҳукумати Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи аз андозбандӣ озод кардани сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии «Роғун»-ро ба имзо расонид. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст. Дар қарор зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 312-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 1. Дар […]

Заррина Эргашева



Раиси ҳукумати Тоҷикистон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон қарор «Дар бораи аз андозбандӣ озод кардани сохтмони нерӯгоҳи барқиву обии «Роғун»-ро ба имзо расонид. Дар қарори дар ихтиёри ОИ «Азия-Плюс» қароргирифта санаи 3-юми январи соли 2014 дарҷ ёфтааст.

Дар қарор зикр мегардад, ки мутобиқи моддаи 312-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Дар давраи сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обии «Роғун» фармоишгари сохтмон ва пудратчии генералии сохтмон аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда; андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард; андоз аз фоида (андоз низоми соддакардашуда); андоз аз воситаҳои нақлиёт; андоз аз молу мулки ғайриманқул;

андози иҷтимоӣ нисбат ба шахсони хориҷие, ки бевосита дар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обӣ фаъолият мекунанд ва боҷи давлатӣ барои бақайдгирии тарҳи эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерӯгоҳи барқӣ-обӣ амалӣ шудаанд, озод карда мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, дар қарор зикр мегардад, ки таҳвилгарони молҳо (кор, хизматрасонӣ)-и барои сохтмони нерӯгоҳӣ барқи-обӣ пешбинишуда қисман ё пурра аз пардохти андоз аз арзиши изофа озод карда намешаванд.

Зимни

нишасти хабарии рӯзи 3-юми феврали

соли ҷорӣ вазири молияи ҶТ Абдусалом Қурбонов изҳор намуд, ки ҳудуди 390 млн. сомонии аз хариди саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» бадастомада ба корҳои барқароркунии иншооти он масраф гардидаанд.

Ба гуфтаи ӯ, маблағи умумии фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои ҶСК «НОБ Роғун» 804,7 млн. сомониро ташкил дода, аз боқимондаи ин воситаҳо (415 млн. сомонӣ) тақрибан 200 млн. сомонӣ дар ихтиёри чанде аз бонкҳои тиҷоратӣ ба сифати пасандоз нигоҳ дошта мешаванд.

Қобили зикр аст, ки соли 2010 миёни Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар бораи баргузор намудани ташхиси байнулмилалии арзёбии фанниву иқтисодӣ ва арзёбии экологиву иҷтимоии лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» созишнома ба имзо расида, моҳи феврали соли 2011 ширкати «Poyry Energy Ltd» паймонкори доир сохтани ин ташхис интихоб шуд.

Нахуст Бонки ҷаҳонӣ изҳор кард, ки натиҷаҳои ташхис тобистони соли 2012 пурра омода мегарданд. Баъди фаро расидани ин муҳлат Бонки ҷаҳонӣ боз изҳор кард, ки ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи «Роғун» моҳи феврали соли 2013 ба итмом мерасад. Пас аз фаро расидани ин муҳлат бошад, Бонк дигар аз ифшои муҳлати мушаххаси анҷоми ташхис худдорӣ варзида, корҳои таҳқиқотиву арзёбӣ то ҳол идома доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.