Талаби қатъии Вазорати нақлиёт аз паймонкори эронии сохтмони нақби «Истиқлол»



Вазорати нақлиёти Тоҷикистон кори ширкати эронии «Собир» дар сохтмони нақби «Истиқлол»-ро беҳад ғайриқаноатбахш арзёбӣ мекунад.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Хайрулло Асозода ба журналистон дар ин робита зикр кард, ки ҳангоми шиносоӣ бо кори иҷрошуда аз ҷониби ширкати эронӣ камбудиҳои сершуморе ошкор карда шудаанд.

«Технологияи иҷрои кор риоя нашудааст. Низоми заҳкашӣ (дренажӣ) кор намекунад, корҳои сементкунӣ низ ғайриқаноатбахш анҷом дода шудаанд ва боз ғайраву ҳоказо. Дар маҷмӯъ ба риоя нагардидани меъёрҳои сершумори сохтмон роҳ дода шудааст», – гуфт вазир.

Асозода зикр кард, ки зимни вохӯриҳо бо раҳбарияти ширкати «Собир» ва намояндагони ҳукумати Эрон ин эътирозҳо пешниҳод гардидаанд. «Мо қаноатманд набуданамонро изҳор намуда, онҳо низ розӣ шуданд, ки камбуду норасоиҳо хеле зиёд аст, – таъкид дошт ӯ. – Аз онҳо қотеъона талаб кардем, ки камбудиҳоро ислоҳ мекунанд ё мо қарордод бо онҳоро бекор месозем».

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ мутмаин аст, ки Тоҷикистон ба мустақилона ба итмом расонидани корҳои бозсозии ин иншоот қодир аст. «Нақби мазкур ба мо – мардуми тоҷик хизмат мекунад. Агар эрониҳо корҳои бозсозиро ба анҷом нарасонанд, худамон ба анҷом мерасонем. Ман дар ин бора ба сарвари давлат ҳам хабар додам. Ба сарвари давлат изҳор доштам, ки агар ӯ розӣ бошад, мо худамон мустақилона ба ҳалли ин мушкилот қодирем. Бовар кунед, барор ин мо ҳам аз иқтидори зеҳниву ҳам аз иқтидорӣ техникӣ бархӯрдорем», – изҳор кард вазир.

Номбурда ҳамчунин гуфт, рӯзҳои наздик як ҳайати ҳукумати Эрон ба Тоҷикистон ташриф меорад ва дар ҷараёни гуфтушунид бо онҳо ин масъала комилан ҳаллу фасл хоҳад шуд.

Нақби «Истиқлол» бо масофаи беш аз 5 километр дар ағбаи Анзоб воқеъ буда, қисмати шимолии кишвар бо маркази ҷумҳуриро мепайвандад.

Сохтмони нақби «Истиқлол» моҳи сентябри соли 2003 оғоз гардида, баҳри он Эрон 31 млн. доллари ИМА маблағи қарз ҷудо намуд, ки 10 млн. доллари ИМА бурс ва 21 млн. доллари ИМА ба сифати қарз буд. Ҳиссаи ҳукуумати Тоҷикистон дар он 7,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Паймонкори сохтмони иншоот ширкати эронии Sobir International аст. Пармакунии нақб моҳи марти соли 2006 ба итмом расида, аммо корҳои сохтмонӣ дар иншоот то ҳанӯз пурра ба итмом нарасидаанд.

spot_imgspot_img

Популярное